РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?

Февраль 21, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 21.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Сабабҳои асосии пайдоиши  бемории диабети қанд ва нишонаҳои асосии он кадомҳоянд? Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Диабети қанд яке аз бемориҳои хатарнок  ба шумор рафта,  дар рӯйхати бемориҳое, ки бештари одамон аз он ба ҳалокат мерасанд, дар ҷойи ҳаштум қарор гирифтааст. Боиси таассуф аст, ки сол то сол теъдоди гирифторони ин беморӣ дар ҷаҳон ва  Тоҷикистон меафзояд. Диабети қанд бемориест, ки дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ташаккул меёбад. Сабабҳо ва омилҳои ташаккулёбии бемории диабети қанд  хело зиёданд.

Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи тиб, барои шахсоне, ки  маротибаи  аввал диабети қанд ташхис шудаанд, изтироб бадтарин омил мебошад. Пас, беморон дар навбати аввал бояд ҳатман аз изтироб дур бошанд.

Табибон омили якуми гирифторӣ ба ин бемориро  генетикӣ, яъне ирсӣ медонанд. Ҳамчунин  фарбеҳӣ,  фишорбаландӣ, иллати ғадуди зери меъда, бемориҳои эндокринологӣ ва ғадудҳои болои гурда,  стресҳои пайдарҳам, тартиби нодурусти истеъмоли ғизо,  истифодаи зиёди тамоку ва бемориҳои музмини системаи ҳозима, ба монанди гастритҳо, дуоденитҳо низ сабаби гирифтор шудан ба бемории диабети қанд  шуда метавонанд.

Дигар сабаби бемории қанд, аз ҷониби занҳо истифода бурдани доруҳои гармоналӣ аст.   Пайдарпай гирифтор шудан ба бемориҳои вирусӣ  низ боиси пайдо шудани бемории қанд шуда метавонад.

Ба андешаи коршиносони соҳа, инчунин, шахсоне, ки аз тарафи падарӣ диабети қанд доранд, дар насли ояндаи занони онҳо эҳтимоли пайдошавии ин беморӣ дида мешавад ва агар аз тарафи модарӣ диабети қанд бошад, эҳтимоли пайдошавӣ дар наслҳои писар ба назар мерасад.

Илми тиб то ҳол якчанд навъи диабети қандро муайян намудааст, вале бештар мардум ба ду навъи он гирифтор мешаванд:  диабети қанди навъи 1  ва 2. Ин навъҳо  ҳам аз ҷиҳати сабаби пайдоиш  ва  ҳам роҳҳои табобат аз якдигар фарқ доранд.

Дар диабети қанди навъи 1 ғадуди зери меъда инсулинро тамоман ё хеле кам истеҳсол мекунад. Ба он бештар  кӯдакон ва ҷавонон  гирифтор мешаванд ва беморон маҷбуранд тамоми умр инсулин қабул кунанд. Аммо дар диабети қанди 2 инсулин дар бадан мавҷуд аст, вале ҳуҷайраҳо онро дуруст қабул намекунанд. Ин навъ бештар дар калонсолон, махсусан дар нафарони вазнашон зиёд, камҳаракат ё дорои омилҳои ирсӣ, пайдо мешавад.

Табобати ин беморӣ, асосан, бо тағйири тарзи ҳаёт, парҳези дуруст ва доруҳо анҷом дода мешавад, дар баъзе ҳолатҳо бошад, инсулин низ лозим мегардад. Пешгирии таъсири бад гузоштани бемории диабети қанд- ин парҳез намудан аз истеъмоли ғизоҳои бирёну серравған, шӯру тунд мебошад. Ҳамзамон ҳар шахс бояд вазни худро дар меъёри муътадил нигоҳ дошта, ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шавад.

Тавре таъкид гардид, яке аз сабабҳои асосии афзоиши бемории қанд истеъмоли нодурусти ғизо аст. Истеъмоли зиёд ва пайвастаи ғизои равғанин, шириниҳо ва хӯрокҳои зудтайёр ба равиши мубодилаи моддаҳо халал мерасонанд, хусусан истифодаи доимии карбогидратҳои сода, ба мисли фастфуд ва он маҳсулоте, ки аз орди навъи якум омода мешавад, аз ҷумла қаннодиҳо, кулчақандҳо, шириниҳо. Онҳо дар организм хеле зуд ҳал мешаванд. Дар натиҷа, миқдори зиёди глюкоза ҳосил мешавад, ки сатҳи қанди хунро якбора баланд мекунад ва заминаи пайдоиши диабети қандро фароҳам меорад. Аз ин рӯ, риояи ғизои солим ва маҳдуд кардани истеъмоли ғизоҳои равғанин ва карбогидратҳои сода барои пешгирии ин беморӣ аҳамияти калон дорад.

Бемории диабети қанд метавонад солҳои тулонӣ бенишона бошад. Бисёре аз одамон ҳатто намедонанд, ки гирифтори онанд. Аммо баъзе аломатҳои мушаххас ҳастанд, ки бояд ба онҳо диққат дод. Се аломати асосии бемории диабети қанд мавҷуд аст: полиурия – бисёр пешоб кардан, полидипсия – ташнагии доимӣ, бисёр об хостан ва полифагия – бисёр хӯрок хостан, вале бо вуҷуди он лоғар  ё беқуват шудан.Ҳамчунин  хушк шудани даҳон,  нозук шудану  афтидани дандонҳо ва дер шифо ёфтани захмҳо  ҳам аз аломатҳои  ин беморӣ  шуда метавонад.

Оризаҳои бемории диабети қанд ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: оризаҳои шадид ва музмин. Оризаҳои шадид дар организм ҳангоми аз меъёр  паст шудани сатҳи қанди хун ба амал меоянд, ки  дар натиҷа шахсро ба беҳушшавӣ ва баъдан кома оварда мерасонанд.

Оризаҳои музмини диабети қанд таъсири худро ба тамоми организм, аз ҷумла ба чашм (ретинопатия), гурда (нефропатия), устухону бандҳо (остеоартропатия), қалб (кардиопатия), пӯст (дермотапатия), рагҳои хунгард (ангиопатия) ва асаб (нейропатия), расонда метавонад.

Бинобар ин, гирифторони бемории диабети қандро зарур аст, ки барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи қанд дар хун доимо бо табиб дар муошират бошанд. Доруҳои тавсияшударо сари вақт истеъмол намоянд.

Ёдовар мешавем, ки соли 1991 бо сабаби зиёд гаштани шумораи гирифторони ин беморӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии диабет (International Diabets  Federation) ва Созмони   ҷаҳонии тандурустӣ (World Health Organization) 14 ноябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди диабети қанд эълон гардид. Ин сана  беҳтарин имконият барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ бо амалҳои дастаҷамъӣ ва инфиродӣ барои пешгирӣ, ташхис ва идоракунии диабети қанд мебошад.

Роҳҳои пешгирии бемори диабети қанд осонтар  аз табобати  он аст. Бо мақсади пешгирии ин беморӣ ҳар як шахс бояд  тарзи ҳаёти солимро пеша намуда, аз истеъмоли зиёди ғизои равғанин, шириниҳо ва хӯрокҳои зудтайёр худдорӣ намояд. Инчунин, риояи тарзи ҳаёти солим, ба варзиш машғул шудан, пиёдагардӣ баъд аз истеъмоли хӯрок барои организм муфид буда, сатҳи қандро дар хун муътадил нигоҳ медорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 21, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад