Сафири Тоҷикистон дар Форуми донишгоҳҳо ва илм байни Олмон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23–25 феврал дар шаҳри Ҳалле (Заале), дар қароргоҳи Академияи миллии илмҳои Олмон – Леополдина, дар доираи ҳамкории стратегии минтақавии Олмон ва Осиёи Марказӣ дар қолаби C5+1 Форуми донишгоҳҳо ва илм баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд.
Форум бо дастгирии Вазорати федералии Олмон оид ба таҳқиқот, технология ва кайҳон (BMFTR) ва ташаббуси Донишгоҳи Мартин-Лютер Ҳалле-Виттенберг ва Дафтари инноватсияҳои устувори Осиёи Марказӣ (CASIB) баргузор гардида, ҳадафи он табодули афкор доир ба вазъи кунунӣ, чолишҳо ва дурнамои ҳамкории илмӣ ва таҳқиқотӣ байни Олмон ва Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи форум Ректори Донишгоҳи Мартин-Лютер Ҳалле-Виттенберг, профессор доктор Клаудия Беккер сухан намуда, аҳамияти таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаи илм ва маорифро иброз доштанд.
Дар рӯзи ифтитоҳи форум — 23 феврал таҳти унвони «Ҳамкории сиёсати таҳқиқотӣ байни Олмон ва Осиёи Марказӣ дар қолаби С5+1» ҷаласаи пленарии сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он Котиби давлатии Вазорати федералии Олмон оид ба таҳқиқот, технология ва кайҳон доктор Маркус Плейер, инчунин сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов зимни суханронӣ аҳамияти ҳамкории илмӣ ва таҳқиқотиро барои рушди устувор таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро барои таҳкими робитаҳо бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Олмон дар самтҳои таҳқиқоти муштарак ва табодули академӣ изҳор дошт.
Дар доираи форум Санади муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, таҳқиқот ва инноватсия дар доираи раванди C5+1 байни Вазорати федералии Олмон оид ба таҳқиқот, технология ва кайҳон ва вазоратҳои соҳавии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон ба имзо расид.
АКС: BMFTR/ Markus Scholz













Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






