Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парламентҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, ҳозирин натиҷаҳои асосии ҳамкории бисёрҷонибаро дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳокима намуда, вазифаҳои асосии таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷиро дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон бо ин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ анҷом дода шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид






