Сангин Гулзод: «Фарҳанг сипари давлатдорӣ ва бунёди руҳи миллӣ аст»

Февраль 12, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози даҳсолаи сеюми асри бисту як башарият ба марҳилаи ниҳоят ҳассос, пурталотум ва сарнавиштсози таърихӣ ворид гардид, ки дар он тақдири давлатҳо ва миллатҳо на танҳо дар майдонҳои набарди ҳарбӣ ё тавассути рақобатҳои иқтисодӣ, балки бештар дар фазои андеша, маънавият ва ҳувият ҳал мешавад. Мо имрӯз шоҳиди онем, ки чӣ гуна пояҳои низоми ҷаҳонӣ, ки даҳсолаҳо устувор ба назар мерасиданд, ба калавиш даромадаанд ва равандҳои ҷаҳонишавӣ бо суръати кайҳонӣ марзҳои анъанавии байни фарҳангҳоро аз байн мебаранд. Дар ин уқёнуси бекарони манфиатҳои геополитикӣ, ки қудратҳои бузург барои тақсими дубораи ҷаҳон талош доранд, масъалаи ҳифзи истиқлолияти воқеӣ барои кишварҳои рӯ ба рушд ба муаммои экзистенсиалӣ табдил ёфтааст.

Мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсент Сангин Гулзод дар ин маврид чунин андеша дорад:

— Таҳлилҳои амиқи вазъи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон собит месозанд, ки дар шароити муосир такя кардан танҳо ба шохисҳои иқтисодӣ ё иқтидори ҳарбӣ наметавонад кафолати комили бақои миллат бошад. Иқтисоди кишварҳо имрӯз чунон ба ҳам печида ва вобаста аст, ки ҳатто қудратмандтарин давлатҳо аз таконҳои беруна ва буҳронҳои молиявӣ эмин нестанд ва истиқлоли сиёсӣ низ бе пуштибонии қавии маънавӣ ва ҳувияти устувор бисёр нозук, ларзон ва осебпазир гардидааст. Маҳз дар ҳамин нуқтаи ҳассоси таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи хосса ва беназири давлатдориро интихоб намудааст, ки меҳвари онро “истиқлоли фарҳангӣ» ташкил медиҳад. Ин стратегияи бузург ва фарогир бар он ҳақиқати бебаҳс асос ёфтааст, ки иқтисодро барқарор кардан мумкин аст, сиёсатро тағйир додан имконпазир аст, инфрасохторро метавон аз нав бунёд кард, аммо агар миллат чеҳраи фарҳангии худро, ки давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтааст, гум кунад, он ҳамчун субъекти таърих аз байн меравад. Консепсияи «Меҳвари Замон», ки Пешвои миллат онро амалӣ менамоянд, пайванди ногусастании гузаштаи пурифтихори замони Сомониёнро бо ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин намуда, фарҳанг ва маорифро на ҳамчун «қувваи нарм», балки ҳамчун «сипари пӯлодини амнияти миллӣ» муаррифӣ мекунад.

Дар ин мақола мо кӯшиш кардем, то андозае моҳияти ташаббусҳои бузурги миллӣ, аз қабили қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва лоиҳаи бузурги дарпешистодаи «Шоҳномахонӣ»-ро дар партави Стратегияи миллии рушд то соли 2030 баррасӣ намуда, таъсири онҳоро ба ташаккули тафаккури миллӣ ва амнияти зеҳнии ҷомеа арзёбӣ намоем.

Яке аз рукнҳои марказӣ ва тақдирсози стратегияи истиқлоли фарҳангӣ, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми аввалиндараҷа касб кардааст, таҷдиди назари куллӣ ба мақом, манзалат ва ҷойгоҳи омӯзгор дар низоми арзишҳои ҷомеа мебошад. Қабули санади таърихӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» (аз 17 декабри соли 2025), ки бо ташаббуси Пешвои миллат таҳия ва қабул гардид, танҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ нест, балки манифести эҳтиром ба ақлу заковати миллат ва эътирофи нақши калидии муаллим дар таъмини бақои давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Давоми солҳои гузашта, мутаассифона, мо шоҳиди равандҳое будем, ки дар онҳо шаъну шарафи омӯзгор то андозае коста гардида, ин қишри зиёӣ ва пешбарандаи ҷомеа ба корҳои ғайритаълимӣ, аз ҷумла маъракаҳои кишоварзӣ, ободонӣ ва ҷамъоварии маблағҳо ҷалб карда мешуданд. Ин вазъият на танҳо ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонд, балки эътибори муаллимро дар назди шогирдон ва волидон коҳиш медод. Пешвои миллат бо мантиқи оҳанин, ки «ҷаҳолат — модари ҳамаи бадбахтиҳо ва заминаи ифротгароист», формулаи наҷотбахше пешниҳод намуданд: сармоягузорӣ ба мақоми омӯзгор — ин сармоягузорӣ ба сулҳу субот, амнияти миллӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

Қонуни нав ба ин амалияи номатлуб нуқта гузошт. Тибқи моддаҳои ин санади сарнавиштсоз, ҳама гуна дахолати беҷо ба фаъолияти касбии омӯзгор, ҷалби ӯ ба корҳои «ҳашар» ва дигар фаъолияти ба таълиму тарбия иртиботнадошта қатъиян манъ карда шуд. Ин тадбир ба омӯзгор имкон медиҳад, ки тамоми неруи зеҳнӣ, вақт ва истеъдоди худро танҳо ба раванди таълим ва тарбияи насли наврас равона созад. Бисёр муҳим ва рамзӣ аст, ки қонунгузорӣ озод кардани омӯзгоронро аз хизмати ҳарбӣ пешбинӣ намудааст. Ин имтиёз паёми амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад: дар ҷаҳони муосир, ки ҷангҳо бештар дар фазои шуур ва андеша доир мешаванд, қалами муаллим дар ҳифзи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ камтар аз силоҳи сарбоз нест. Муаллим ҳамчун «афсари артиши маърифат» дар хати пеши ҷабҳаи мубориза бар зидди таассуб, хурофот ва идеологияҳои бегона қарор дорад.

Барои он ки мақоми омӯзгор на танҳо дар сухан, балки дар амал баланд бардошта шавад ва касби омӯзгорӣ ҷолибияти худро барқарор намояд, давлат маҷмуи имтиёзҳои бесобиқаи иқтисодӣ ҷорӣ намудааст. Таъмини омӯзгорон бо қитъаҳои замин барои сохтмони манзил, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва муқаррар намудани иловапулиҳои махсус барои дастовардҳои шогирдон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҷумлаи ин тадбирҳои мушаххас мебошанд. Ба таври мисол, дар вилояти Хатлон аллакай ба даҳҳо омӯзгорони ҷавон сертификатҳо барои замини наздиҳавлигӣ супорида шуданд, ки ин иқдом барои ҷалби кадрҳои ҷавон ба деҳот нақши калидӣ мебозад. Илова бар ин, барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ба монанди «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойҳои ифтихориро ишғол мекунанд, мукофотпулиҳои назаррас дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ муқаррар карда шудаанд. Ин механизм рақобати солимро дар байни омӯзгорон ба вуҷуд оварда, онҳоро ба такмили ихтисос ва кор бо истеъдодҳо таҳрик медиҳад.

Таҳлилҳои коршиносони байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва ЮНЕСКО нишон медиҳанд, ки норасоии омӯзгорони касбӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз чолишҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар ин замина сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи омӯзгорон метавонад ҳамчун намунаи ибрат барои кишварҳои ҳамсоя хизмат намояд. Натиҷаҳои аввалини ин ислоҳот аллакай ба назар мерасанд: рағбати ҷавонон, бахусус мардон ба интихоби касби омӯзгорӣ афзоиш ёфта, рақобат барои дохил шудан ба факултетҳои педагогӣ зиёд шудааст. Ин раванд дар дарозмуддат ба таҷдиди кадрии соҳаи маориф ва ворид шудани неруҳои нав ва босавод ба мактабҳо оварда мерасонад.

Дар замоне, ки технологияҳои рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ тафаккури инсонҳоро ба «фарҳанги клипӣ» ва сатҳинигарӣ одат кунонидаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси беназири баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳаракати бузурги маънавӣ ва зеҳнӣ оғоз намуд. Ин озмун, ки соли ҳафтум аст бо шукуҳу шаҳомати хосса ва дастгирии Пешвои миллат баргузор мегардад, ба мактаби бузурги худшиносӣ ва василаи муассири пайвастани миллат ба сарчашмаҳои зулоли адабиёти классикӣ ва муосир табдил ёфтааст.

Омори расмии баргузории озмун солҳои охир гувоҳи он аст, ки ин ташаббус аз ҷониби мардум ба таври густурда ва самимона пазируфта шудааст. Соли 2025 нисбат ба соли 2023 шумораи иштирокчиёни озмун дар даври ҷумҳуриявӣ беш аз 5 баробар афзуд. Дар озмун довталабон аз тамоми гӯшаву канори кишвар- аз хонандагони синфҳои ибтидоӣ то намояндагони касбу кори гуногун ва нафақахӯрон иштирок намуданд. Дар маҷмуъ, дар давраи солҳои 2019 то 2024 беш аз 1 миллиону 153 ҳазор шаҳрвандон дар ин озмун иштирок намудаанд, ки ин рақам барои мамлакате бо аҳолии Тоҷикистон нишондиҳандаи фавқулода баланд аст.

Ҷанбаи дигари муҳими иҷтимоии ин озмун дар он зоҳир мегардад, ки он ба василаи муассири баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа табдил ёфтааст. Тибқи омор, 67 фоизи иштирокчиёни озмунро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ин далел собит месозад, ки зани тоҷик имрӯз на танҳо посбони оила, балки пешбарандаи маърифат ва фарҳанг мебошад. Иштироки фаъоли занон дар китобхонӣ ба тарбияи насли навраси босавод ва ватандӯст таъсири мустақим мерасонад, зеро «модари босавод — миллати босавод» аст. Ғайр аз ин, озмун хусусияти фаромарзӣ касб намуда, дар он тоҷикони бурунмарзӣ низ тавассути форматҳои онлайнӣ иштирок мекунанд. Ин иқдом ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ бо ҳамватанон дар хориҷи кишвар, ҳифзи забони модарӣ дар ғурбат ва муаррифии фарҳанги тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Аз ёд кардани ҳазорон байт аз осори классикони адабиёти тоҷик — Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон танҳо як машқи хотира нест. Ин раванд ҳамчун «ваксинаи миллӣ» бар зидди манкуртӣ, бегонапарастӣ ва ифротгароӣ хизмат мекунад. Шахсе, ки бо ҳикмати олии ин бузургон тарбияву ташаккул ёфтааст ва ҷаҳони ботинии худро бо арзишҳои инсонпарваронаи адабиёт ғанӣ гардонидааст, ҳаргиз ба доми идеологияҳои харобиовар ва ифротӣ нахоҳад афтод.

Бо мақсади қадршиносии заҳмати зеҳнии иштирокчиён Президенти Тоҷикистон ҳаҷми мукофотпулиҳоро барои ғолибони озмун дар соли 2025 ба маротиб зиёд намуданд. Барои барандаи Шоҳҷоиза маблағи 140 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи якум 70 ҳазор, ҷойи дуюм 50 ҳазор ва ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ муқаррар гардид. Ғолибони озмун инчунин ҳуқуқи имтиёзноки дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бе супоридани имтиҳон пайдо мекунанд.

Бо вуҷуди ин дастовардҳо раванди баргузории озмун аз мушкилот холӣ нест. Дар фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баъзан масъалаҳои шаффофият, адолати доварӣ ва ҳолатҳои хешутаборбозӣ мавриди интиқод қарор мегиранд. Баъзе ҳолатҳое, ки аъзои ҳакамон ба шогирдон ё хешовандони худ баҳои баланд мегузоранд, боиси нигаронии ҷомеа гардида, метавонад ба эътибори озмун латма ворид созад. Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм барои рафъи ин камбудиҳо тадбирҳои қатъӣ меандешанд, аз ҷумла тавассути пахши мустақими телевизионии раванди озмун, сабти пурраи ҷараёни саволу ҷавоб ва назорати ҷиддӣ аз болои кори ҳакамон. Шаффофият дар ин ҷода на танҳо талаботи ҳуқуқӣ, балки шарти асосии нигоҳ доштани руҳияи адолатпарварӣ дар ҷомеа мебошад. Муҳим он аст, ки сол то сол ин мушкилот бартараф гардида, сатҳу сифати дониши довталабон боло меравад.

Агар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба эҳёи маънавиёт ва поксозии ҷаҳони ботинӣ нигаронида шуда бошад, пас Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ҳадафи прагматикӣ ва стратегиро дар самти таъмини истиқлоли технологӣ, рушди тафаккури техникӣ ва омодасозии кадрҳои муҳандисӣ пайгирӣ мекунад. Пешвои миллат бо дарки амиқи равандҳои ҷаҳонӣ таъкид намуданд, ки дар асри XXI истиқлоли фарҳангӣ бояд ҳатман бо иқтидори зеҳнӣ, илмӣ ва технологӣ пуштибонӣ шавад; мо бояд на танҳо миллати шоирон, балки миллати муҳандисон, ихтироъкорон ва барномасозон низ бошем, то дар ҷаҳони рақобатпазир мавқеи сазовори худро ҳифз намоем.

Соли 2025 бо назардошти талаботи рӯзафзуни замон ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ба низомномаи озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» тағйироти ҷиддӣ ва стратегӣ ворид карда шуд. Илова шудани номинатсияи нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» қадами устувор ва саривақтӣ дар самти омода намудани мутахассисон барои иқтисодиёти рақамӣ мебошад. Ин тасмим нишон медиҳад, ки роҳбарияти давлат аҳаммияти ҳаётии технологияҳои пешқадамро дарк намуда, талош дорад, ки насли наврасро ба омӯзиши рамзгузорӣ, алгоритмҳо ва системаҳои интеллектуалии муосир ҷалб намояд.

Озмун акнун аз рӯи ҳашт номинатсия: математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, инчунин ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор мегардад. Ин фарогирии васеи фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба амалисозии ҳадафи стратегии эълоншуда — «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020-2040)» мусоидат менамояд. Барои таъмини шаффофият ва стандартизатсияи донишҳо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди ташкил ва баҳогузории озмун ҷалб карда шуд, ки ин иқдом ба шаффофияти натиҷаҳо мусоидат мекунад.

Шумораи ҷойҳои ифтихорӣ дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 афзоиш ёфт, ки ин барои ҷавонони лаёқатманд имконияти бештар фароҳам меорад. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ барои баргузории озмун низ ба таври назаррас зиёд гардида, аз Фонди захиравии Президент барои соли 2025 9 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Бо вуҷуди пешравиҳои назаррас дар азхудкунии донишҳои назариявӣ таҳлили натиҷаҳои озмун дар соли 2025 мушкилии ҷиддии сохториро ошкор намуд: Шоҳҷоизаи озмун боз ҳам соҳиби худро наёфт. Давоми панҷ соли баргузории озмун танҳо як маротиба (соли 2023) як нафар тавонист ба ин мақоми олӣ сазовор гардад. Ин вазъият нишон медиҳад, ки ҳарчанд сатҳи дониши назариявии иштирокчиён дар фанҳои математика, химия ва физика баланд аст, аммо дар самти ихтироъкории амалӣ, татбиқи донишҳо дар истеҳсолот ва пешниҳоди навовариҳои технологӣ, ки ба меъёрҳои баланди «Шоҳҷоиза» ҷавобгӯ бошанд, ҳанӯз ҳам камбудиҳо ва холигии ҷиддӣ ҷой доранд.

Ин паём ба масъулини соҳаи маориф, илм ва саноат аст, ки бояд диққати бештарро ба татбиқи амалии донишҳо, ташкили лабораторияҳои муосир, марказҳои технологӣ ва дастгирии лоиҳаҳои стартапӣ равона созанд. Зарур аст, ки байни илм ва истеҳсолот пайванди мустақим барқарор карда шавад, то ҷавонон на танҳо формулаҳоро аз ёд кунанд, балки тавонанд бо истифода аз онҳо дастгоҳҳо ва технологияҳои нав ихтироъ намоянд. Танҳо дар ҳолати гузариш аз «дониши назариявӣ» ба «дониши амалӣ» мо метавонем ба ҳадафҳои рушди саноатӣ ноил гардем.

Дар паҳлуи озмунҳои илмӣ ва адабӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҳамчун пули пайвандгар байни наслҳо, эҳёгари мероси мусиқиву ҳунарии миллат ва василаи тарбияи эстетикии ҷомеа баромад мекунад. Дар ҷаҳони муосир, ки хатари ифротгароӣ, зӯроварӣ ва бегонашавӣ таҳдид мекунад, санъати асил ва мусиқии касбӣ ҳамчун «қувваи нарм», вале бисёр муассир барои поксозии ҷаҳони ботинии инсон хизмат мекунанд. Фалсафаи ин озмун бар он ҳақиқат асос ёфтааст, ки «зебоӣ душмани зулмот аст» ва касе, ки ба санъати воло, мусиқии шашмақом ва фалак дил мебандад, ҳаргиз силоҳ ба даст нахоҳад гирифт ва ба роҳи ҷаҳолат намеравад.

Соли 2025 озмун доираи худро васеъ намуда, аз рӯи панҷ номинатсия: композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн баргузор гардид. Ворид намудани номинатсияҳои нави санъати тасвирӣ ва дизайн иқдоми муҳимме буд, ки ба рушди ҳунарҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишӣ ва мӯди муосири миллӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ин тасмим имкон дод, ки на танҳо навозандагону сарояндагон, балки рассомон ва тарроҳони ҷавон низ истеъдоди худро муаррифӣ намоянд. Ғолибони озмун дар соли 2025, ба монанди Наврӯзи Досӣ дар бахши сарояндагӣ ва Разияллоҳ Убайдзода дар навозандагӣ, ки соҳиби Шоҳҷоиза ва 100 ҳазор сомонӣ гардиданд, намунаи барҷастаи истеъдодҳои нобе мебошанд, ки тавассути ин озмун аз гӯшаҳои дурдасти мамлакат кашф ва ба саҳнаи бузург бароварда шудаанд. Ҷолиб аст, ки дар номинатсияи «дизайн» Шоҳҷоиза супорида нашуд, ки ин аз талаботи баланди ҳайати ҳакамон ва зарурати такмили бештари ин соҳаи нав дар мамлакат дарак медиҳад. Ин принсип нишон медиҳад, ки озмун на танҳо барои тақсими ҷоизаҳо, балки барои муайян кардани стандарти баланди сифат ва сатҳи воқеии рушди соҳаҳои гуногуни ҳунар хизмат мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии ин озмун маблағҳои калон равона месозад. Соли 2025 барои баргузории он 7 миллиону 680 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд ва соли 2026 ин маблағ ба 8 миллиону 260 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши 580 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин сармоягузорӣ ба ҳунармандон имкон медиҳад, ки шароити эҷодии худро беҳтар намуда, асбоби мусиқии босифат харидорӣ кунанд ва ба офариниши асарҳои нав пардозанд. Ғайр аз мукофотпулии нақдӣ ғолибон имкони беназири таҳсили ройгон дар муассисаҳои таълимии махсуси соҳаи санъат, аз ҷумла Консерваторияи миллиро пайдо мекунанд. Ин механизм «занҷираи эҷодӣ»-ро аз дарёфти истеъдод то тарбияи кадрҳои касбӣ такмил медиҳад. Ғолибони озмун ҳамчунин дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карда, фарҳанги ғании тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд, ки ин ба рушди «дипломатияи фарҳангӣ» ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат мусоидат менамояд.

Дар силсилаи ташаббусҳои фарҳангӣ ва маърифатии Пешвои миллат эълони баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026 ҳамчун қуллаи баланди худшиносии миллӣ, рӯйдоди беназири таърихӣ ва иқдоми стратегии идеологӣ арзёбӣ мегардад. Ин ташаббус, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, ҳадафи амиқи эҳёи ҳофизаи таърихӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва пайванди маънавии наслҳоро пайгирӣ мекунад.

«Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ барои миллати тоҷик танҳо як асари бадеӣ ё достони ҳамосии қадимӣ нест; он қомуси зиндаи ҳувият, таърих, забон, фарҳанг ва ойини давлатдории мост. Давоми ҳазор сол маҳз ҳамин китоб забон ва руҳи тоҷикро аз тӯфонҳои ҳаводис, истилои аҷнабиён ва хатари маҳвшавӣ ҳифз намудааст. Дастури Пешвои миллат оид ба нашр ва туҳфа намудани «Шоҳнома» ба ҳар хонадони тоҷик иқдоми бисёр амиқи сиёсӣ ва стратегӣ мебошад.

Ин амал паёми равшан дорад: ин шоҳасари адлу дод, хирад ва мардонагӣ бояд дар ҳар хонаи тоҷик, дар паҳлуи Қуръони маҷид ҷой гирифта, тавозуни заруриро байни эътиқоди динӣ ва ҳувияти миллӣ таъмин намояд. Дар шароите, ки баъзе ҷараёнҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш мекунанд таърихи пешазисломии миллатро инкор кунанд ё ба он ранги сиёҳ диҳанд, «Шоҳнома» ҳамчун далели раднопазири асолати ориёӣ, фарҳанги шаҳрсозӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон хизмат мекунад. Он ба насли наврас меомӯзонад, ки мо решаҳои амиқ дорем ва фарзандони Рустаму Сом ва Ҷамшеду Фаридун ҳастем. Озмуни «Шоҳномахонӣ» дар чор давр аз моҳи март то декабри соли 2026 баргузор гардида, тамоми қишрҳои ҷомеа, сарфи назар аз синну сол ва касб — аз хонандагони мактаб то омӯзгорон ва нафақахӯронро фаро мегирад. Низомномаи озмун рақобатро дар якчанд бахш, аз ҷумла аз ёд кардани достонҳо, қироати шеър бо оҳанг, шарҳи луғатҳои қадимӣ, донистани таърих ва ҷуғрофияи «Шоҳнома» ва маҳорати суханварӣ пешбинӣ мекунад.

Барои ташкил ва баргузории ин чорабинии бузург аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин рақам аҳаммияти хосаи давлатии онро таъкид менамояд. Илова бар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ вазифадор шудаанд, ки ғолибонро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд. Интизор меравад, ки ин озмун таъсири амиқи равонӣ, иҷтимоӣ ва забонӣ хоҳад дошт. Он руҳияи ватанпарварӣ, ҷасорат, адолатхоҳӣ ва хирадро, ки қаҳрамонони «Шоҳнома» таҷассум мекунанд, дар шуури насли наврас ҷой медиҳад. Инчунин он ба рушди забони тоҷикӣ, тоза кардани он аз унсурҳои бегона, ғанигардонии таркиби луғавии мардум ва эҳёи номҳои зебои таърихӣ мусоидат хоҳад кард. «Шоҳномахонӣ» ҳамчун суннати қадимии шифоҳӣ, ки дар феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО низ мақом дорад, дубора эҳё гардида, ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти фарҳангии муосир табдил меёбад.

Таҳлили ҳамаҷонибаи ташаббусҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат модели нави давлатдориро татбиқ намуда истодааст, ки дар он фарҳанг ва маърифат на ҳамчун соҳаи иловагии иҷтимоӣ, балки ҳамчун меҳвари асосии амнияти миллӣ ва рушди устувор қабул шудааст. Соли 2026, ки бо тантанаи озмуни «Шоҳномахонӣ», татбиқи амалии Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва идомаи озмунҳои илмиву эҷодӣ фаро мерасад, нуқтаи гардиши таърихӣ дар тақвими миллат хоҳад буд. Ин тадбирҳо бо “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ташаккули сармояи инсонӣ мебошад, ҳамоҳангии комил доранд. Тоҷикистон роҳи «истиқлолияти маърифатпарвар»-ро интихоб намудааст, ки дар он хиради гузаштагон бо такя ба азхудкунии технологияҳои муосир пайванд меёбад.

Хулоса, «Меъмории руҳи миллӣ»- ин бунёди миллати озод, фарҳангӣ ва худшинос аст, ки реша дар таърихи пурифтихор ва нигоҳ ба ояндаи дурахшони технологӣ дорад. Иқтисодро метавон таҳрим кард, аммо нури маърифат ва руҳи шикастнопазири миллатеро, ки бо силоҳи дониш ва фарҳанги ниёгон мусаллаҳ аст, ҳеҷ қувва дар ҷаҳон шикаст дода наметавонад.

Таҳияи Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 12, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Занони Тоҷикистон дар ташаккули мактабҳои илмии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ барои боғҳои дарахтони мевадиҳанда муҳим аст
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Дар Тоҷикистон сохтмони 9 иншооти нави фарҳангӣ идома дорад
6 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ДАСТКАШӢ АЗ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ. Имрӯз он ба воситаи бозӣ ё оромкунии кӯдакон табдил ёфтааст
Муттаҳидгардонии имтиҳонҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ин масъала мавриди омузиш қарор мегирад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Дар Тоҷикистон низоми нави омодасозии кадрҳои илмӣ — постдокторантура амалӣ мегардад
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?