Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Президенти федеролии Олмон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал дар шаҳри Берлин дар ҳошияи нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» Президенти федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер бо роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар оғози мулоқот Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти федеролии Олмон расонид.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Франк-Валтер Штайнмайер аз раванди густариши равобити гуногунҷанба байни Тоҷикистону Олмон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагӣ ва рағбати тарафҳоро ба рушди бештари муносибатҳои мутақобили судманд таъкид карданд.
Бо қаноатмандӣ иброз шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон дар тамоми арсаҳо ҳамвора ва ҳадафмандона густариш меёбанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






