НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 8,4 фоиз баробар гардид. Дар ин хусус Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои Файзиддин Қаҳҳорзода, ба ҳолати 1 январи соли 2026 ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ ба 3,5 миллиард доллари амрикоӣ ё 19,2 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баробар гардид. Аз он 3 миллиард доллари амрикоӣ қарзи беруна ва 500 миллион доллари амрикоӣ қарзи дохилӣ мебошад.
Дар соли ҳисоботӣ барои хизматрасонии қарзи берунаи ҷумҳурӣ 504,6 миллион доллари амрикоӣ пардохт карда шуд, ки аз он пардохти қарзи асосӣ 416,3 миллион доллари амрикоӣ ва фоизи қарз 88,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
«Таъмини уҳдадориҳои молиявии давлат дар доираи нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, қарздорӣ аз рӯйи он дар назди созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва давлатҳои алоҳида вуҷуд надорад»,-таъкид намуд вазири молия.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






