Соли 2025 ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 12 миллиарду 720,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд

Февраль 12, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар мамлакат дар соли 2025 иттилоъ медиҳад.

Тавре Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, соли 2025 нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 10 миллиарду 405,3 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл дар ин давра ба буҷети давлатӣ 12 миллиарду 720,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Ин рақам нисбат ба нақша ба қадри 2 миллиарду 314,8 миллион сомонӣ (122,3 фоиз) ва нисбат ба пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашуда дар соли 2024 (9 751,6) ба маблағи 2 миллиарду 968,5 миллион сомонӣ (130,4 фоиз ) зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки иҷрои нақша аз рӯи намуди пардохтҳои гумрукӣ, аз ҷумла воридоти анлоз аз арзиши иловашуда 109,2 фоиз ё 729,7 миллион сомонӣ зиёд, боҷи гумрукӣ 147,3 фоиз ё 608,6 миллион сомонӣ зиёд, боҷи содиротӣ 228,1 фоиз ё 205,9 миллион сомонӣ зиёд, андози аксизӣ 116,5 фоиз ё 143,6 миллион сомонӣ зиёд ва воридоти ғайриандозӣ ба қадри 536,8 фоиз ё 743,5 миллион сомонӣ зиёд таъмин карда шуд.

Хуршед Каримзода афзуд, ки новобаста аз идома ёфтани буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ дар робита ба ногувор шудани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ки боиси ба миён омадани душвориҳои зиёд ҳангоми интиқоли борҳо байни шарикони тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ гардид, Хадамоти гумрук тавонист иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро барзиёд таъмин намояд.

Омилҳои асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, дар маҷмуъ ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати муқаррар намудани меъёрҳои нав ва баланд бардоштани меъёрҳои амалкунандаи пардохтҳои гумрукӣ нисбат ба воридот ва содироти баъзе молҳо, инчунин рақамикунонии соҳаи фаъолияти мақомоти гумрук ва дар ин раванд такмили низоми маъмурикунонии гумрукӣ рабт дода шуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст