Соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз олимпиадаҳо 2 ҳазору 447 медал ба даст оварданд

Февраль 9, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 09.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт 2 ҳазору 447 медал, аз ҷумла аз ҳисоби олимпиадаҳои фаннӣ дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ 971 медал ва аз ҳисоби олимпиадаҳои байналмилалӣ 1476 медал ба даст овардаанд, ки аз ин ҳисоб шаҳри Душанбе дар байни дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор дорад. Ин матлабро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён намуд.

Бахтиёр Шарифӣ иброз дошт, ки дар баробари ин бо ташаббуси роҳбарияти мақомот чор сол аст, ки озмунҳои шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» баргузор карда мешаванд. Дар доираи он то инҷониб 132 нафар истеъдодҳои наврас ҷойҳои ифтихориро ишғол намуда, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

«Ҳамзамон довталабони пойтахт дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пайваста иштирок менамоянд. Дар муддати панҷ соли охир онҳо дар даври ҷумҳуриявии озмунҳо сазовори 496 ҷойи ифтихорӣ гардида, дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор доранд», -афзуд муовини якуми Раис шаҳри Душанбе.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар пойтахт 208 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 20 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 179 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои шакли нав ва махсус), 1 муассисаи таҳсилоти ғоибона ва 1 муассисаи махсуси душвортарбия фаъолият менамоянд.

Аз ин теъдод 172 адад муассисаи таълимии давлатӣ ва 36 адад муассисаи таълимии ғайридавлатӣ ба ҳисоб рафта, дар маҷмуъ бо фарогирии 320 ҳазору 712 хонанда (168 ҳазору 968 нафар духтарон) фаъолият менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид
10 феврал дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Форуми ОИҲ: назари нави МегаФон Тоҷикистон ба HR ва идоракунӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад