Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 08.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июни соли равон дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба муносибати 1050-солагии нахустин бонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс Робиаи Балхӣ баргузории конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нақшаи чорабиниҳои баргузории Конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Робиаи Балхӣ-нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» ва чорабиниҳои канории он тасдиқ гардидааст. Тибқи нақшаи баргузории ин чорабинӣ, намоиши осори Робиаи Балхӣ ва дигар бонувони суханвари тоҷик-аз қадим то имрӯз баргузор мешавад. Ҳамчунин намоиши театрии «Робияи Балхӣ» ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон дар мавзуи «Робиаи Балхӣ ва бонувони суханвари ҳавзаи адабии Кӯлоб», «Робиаи Балхӣ ва бонувони суханвару ҳунарманди Балҷувон», «Робиаи Балхӣ-нидои ишқ» ва «Робиаи Балхӣ –намои бонуи суханвари тоҷик» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳфилу ҳамоишҳо баргузор карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робиаи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 иброз доштанд, ки «аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад».
Бояд ёдовар шуд, ки Робиа- духтари Каъби Қуздории Балхӣ (асри X) аз нахустин занони сухансарои забардаст ва соҳибдевони тоҷик дар аҳди давлатдории силсилаи некноми Сомониён аст, ки ба забони модарии мо шеърҳои ширину дилрас эҷод намудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






