ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
13 феврали соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.
***
13 феврали соли 2014 Федератсияи байналмилалии футбол рӯйхати раддабандии дастаҳои миллии футболро нашр намуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон байни 46 дастаи мунтахаби Осиё зинаи 14-умро касб намуд.
***
13 феврали соли 2017 дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмологӣ» муҳокима шуд.
***
13 феврали соли 2017 дар Душанбе ҷаласаи шашуми Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ доир шуд.
***
13 феврали соли 2023 филми «Дов»-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи 41-уми байналмилалии синамои «Фаҷр» муаррифӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ташаббуси нави глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шумораи навбатии маҷаллаи «Invoice Magazine»-и Покистон дар мақолаи зери унвони «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи захираҳои обӣ барои рушди устувор ҳимоят намуд» нашр гардид.
13 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии радио.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1917 Ҳукумати Англия ба занон иҷозати ронандаи таксӣ шудан дод.
***
Соли 1946 Пентагон дар бораи сохта шудани аввалин компютери рақамӣ хабар дод.
***
13 феврали соли 1960 Фаронса аввалин санҷиши ядроӣ гузаронид.
***
Соли 2013 дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ «Asian Express Airlines»ба қайд гирифта шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Дилбар Валаматзода — соли 1952 пианинонавоз ва арғунуннавози шинохтаи тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон (1987).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст






