ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 феврал, душанбе, 33-юмин рӯзи соли 2026 аст
9 сол пеш, 2 феврали соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ба Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
2 феврали соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.
***
2 феврали соли 2021 зимни сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқӣ ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшиданд.
***
Дар ин рӯзи феврали соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар бозии даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун ба шаҳри Давҳаи Давлати Қатар ташриф оварданд.
***
2 феврали соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъд аз даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили тими миллии Урдун ҳунарнамоии хуб намуд, ба тамоми ҳайати даста барои натиҷаи таърихие, ки дар Ҷоми Осиё нишон доданд, изҳори сипос намуданд.
2 ФЕВРАЛ:
Рӯзи паҳн намудани иттилоот дар бораи артрити ревматоидӣ
***
Дар Озарбойҷон – Рӯзи ҷавонон.
***
Дар Мексика – Рӯзи Конститутсия
РӮЙДОДҲО:
2 феврали соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии саноат» — ро баррасӣ намуд.
***
2 феврали соли 2016 дар Душанбе маросими қуръапартоии марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Соли 2017 дар Душанбе ҳамкории судманд ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Венгрия муҳокима гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1924 Федератсияи байналмилалии варзиши лижаронӣ таъсис ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 эстафетаи машъали Бозиҳои зимистонаи соли 2022 дар Пекин оғоз гардид. Маросими тантанавӣ дар боғи олимпӣ, воқеъ дар шимоли пойтахти Чин баргузор гардид.
***
2 феврали соли 2003 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гандбол дастаи Хорватия дастаи Олмонро бо ҳисоби 34-31 мағлуб намуда, чемпиони ҷаҳон шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 феврал, якшанбе, 32-юмин рӯзи соли 2026 аст






