ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
22 феврали соли 2010 дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»» баррасӣ карда шуд.
***
22 феврали соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 22-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
***
22 феврали соли 2016 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 33-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 9-ошёнаи истиқоматиро барои оилаҳои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар расми ифтитоҳи иншооти нави ин марказ иштирок намуданд.
***
22 феврали соли 2018 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
***
22 феврали соли 2019 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуд.
***
22 феврали соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуданд.
***
22 феврали соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
***
22 феврали соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парламенти Аврупоро бо роҳбарии Давид Макаллистер ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон Ордени «Дуслик» сарфароз гардонида шуданд.
***
22 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
22 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии дастгирии ҷабрдидагони ҷиноят.
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ.
РӮЙДОДҲО:
Соли 1886 рӯзномаи «Таймс» аввалин маротиба сархати ахбори ашрофонаро нашр намуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст






