ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, душанбе, 54-умин рӯзи соли 2026 аст
23 феврали соли 1993 аввалин гузашти низомии Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
23 феврали соли 2010 рӯзномаи марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин «Жэнмин Жибао-онлайн» дар сомонааш бахши махсусро таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин: муколамаи фарҳангҳо» фаъол намуд.
***
23 феврали соли 2010 бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ба ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ дода шуд.
***
23 феврали соли 2012 дар Озарбойҷон масъалаи ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку муҳокима карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин- ҳамчун як оила» консерти муштараки ҳунарпешагони Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.
***
23 феврали соли 2016 чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар даври гурӯҳии аввали Ҷоми КФО -2016 дар гурӯҳи «В» ба муқобили дастаи футболи Урдун «Ал-Файсалӣ» қувваозмоӣ намуд.
***
23 феврали соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро пазируфтанд.
***
23 феврали соли 2022 дар Душанбе ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид.
***
23 феврали соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои навсозӣ ва ободонии минбаъдаи якчанд кӯчаю хиёбон ва маҳаллаҳои пойтахт муаррифӣ гардид.
23 ФЕВРАЛ:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.
РӮЙДОДҲО:
165 сол муқаддам, 23 феврали соли 1861 аз чор як ҳиссаи интихобкунандагони иёлати Техас дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико овоз доданд.
***
23 феврали соли 1984 Ҷумҳурии Бруней истиқлолият ба даст овард.
***
Соли 1984 дар Иттиҳоди Шуравӣ аввалин шумораи ҳафтаномаи «Собеседник» нашр шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Шариф Назаров, соли 1946 — мураббии футбол, Корманди маданияти Тоҷикистон.
***
Амон Нуров, соли 1938 — луғатшинос, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст






