ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, сешанбе, 55-умин рӯзи соли 2026 аст

Февраль 24, 2026 08:00

Дар ин рӯзи соли 2010 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар робита ба қонунигардонии маблағҳои муайян аз ҷониби онҳо» қабул гардид.

***

24 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор шуд.

***

24 феврали  соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ»-ро имзо намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд шуъбаи нави Маркази илм ва фарҳанги Русия ифтитоҳ гардид.

***

24 феврали соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи накӯ бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшиданд.

***

24 феврали соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко, ки барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада буд, мулоқот намуданд.

24 ФЕВРАЛ:

Рӯзи ҷаҳонии безараргардонии ҳайвоноти хонагӣ.

***

Дар Эстония – Рӯзи истиқлол.

***

Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон – Рӯзи муҳандис.

РӮЙДОДҲО

24 феврали соли 1938 дар ҷаҳон аввалин чӯткаи дандоншӯйӣ бо нахҳои нейлони сунъӣ ба ҷои мӯйи табиӣ бароварда шуд.

***

24 феврали соли  1910 дар Шветсия дастаи футболи «Малмё» таъсис дода шуд.

***

Соли 2011 дар Олмон босуръаттарин ва гаронтарин дучарха дар таърихи олам  истеҳсол карда шуд, ки 100 км-соат суръат ва 60 миллион евро арзиш дошт.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҳомид Маҳмудов— соли 1900 — бунёдгузори театри миллии тоҷик.

***

Талбак Салимов— соли 1960 – доктори илми техникӣ, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

Февраль 24, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, душанбе, 54-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст