ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст

Февраль 27, 2026 08:00

27 феврали соли 2000 интихоботи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид.

***

27 феврали соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» қабул гардид.

***

27 феврали соли 2017 Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олии Федератсияи Русия- Ордени Александр Невский қадрдонӣ  намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна созишнома ба имзо расид.

***

27 феврали соли 2020 дар Душанбе масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти мубориза бо коррупсия муҳокима гардид.

***

27 феврали соли 2023 ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон таъсис ёфт.

27 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии хушбинӣ.

***

Рӯзи байналмилалии хирси сафед.

***

Дар Русия – Рӯзи қувваҳои амалиёти махсус.

РӮЙДОДҲО:

27 феврали соли 1844 истиқлолияти Ҷумҳурии Доминикан эълон карда шуд.

***

Соли 1974  дар Ню-Йорк аввалин шумораи маҷаллаи «People» бо теъдоди 1 миллион нусха аз чоп баромад, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ситораҳои санъат нақл мекард.

***

 27 феврали соли  1900 дастаи футболи «Бавария» таъсис дода шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Абдураҳмон Раҳимов— соли 1933 — Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон

***

Абдунабӣ Сатторзода— соли  1941 — доктори илмҳои филологӣ, профессор, ходими давлатӣ.

Февраль 27, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар