ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 феврал, сешанбе, 34-умин рӯзи соли 2026 аст
3 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони иқтисодии АвруОсиё ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе механизми маблағгузории мутобиқшавӣ ба тайғирёбии иқлим дар Тоҷикистон расман ба истифода дода шуд.
***
3 феврали соли 2017 масоили рушд ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Непал баррасӣ карда шуд.
***
Соли 2021 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳисоби 5:1 бар дастаи Молдова ғалаба намуд.
***
3 феврали соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.
3 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии занони табиб.
***
Рӯзи байналмилалии меҳрубонӣ.
***
Дар Мозамбик – Рӯзи қаҳрамонон.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1976 пойтахти Мозамбик аз Лоуренсу Маркеш ба Мапуту тағйири ном кард.
***
Соли 2016 ширкати Google дар интернет барои мубориза бо тарғиби терроризм ва экстремизм лоиҳаи санҷишӣ доир намуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 феврал, душанбе, 33-юмин рӯзи соли 2026 аст






