ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, панҷшанбе, 36-умин рӯзи соли 2026 аст
5 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе сокини ҳаштмиллионуми Тоҷикистон ба дунё омад.
***
5 феврали соли 2015 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд кард, хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шуд.
***
11 сол пеш, 5 феврали соли 2015 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фоҷиаи қатли ҳавонавард Муоз ал-Касосиба аз ҷониби гурӯҳи ифротию террористии «Давлати исломӣ» (мамнуъ дар Тоҷикистон) ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн- Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун барқияи таслият ирсол намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 масоили рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ муҳокима гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд.
***
5 феврали соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Сада ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин дидору суҳбатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони якчанд давлат ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир гардиданд.
***
5 феврали соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқот намуданд.
5 ФЕВРАЛ:
Дар Мексика – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
5 феврали соли 1928 бори аввал витамини D синтез (омехта) карда шуд.
***
5 феврали соли 1850 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арифмометр ихтироъ карда шуд.
***
Соли 1952 дар яке аз кӯчаҳои Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърих дар гузаргоҳ чароғаки роҳ насб карда шуд.
***
5 феврали соли 1991 пойтахти Қирғизистон аз Фрунзе ба Бишкек тағйири ном кард.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 феврал, чоршанбе, 35-умин рӯзи соли 2026 аст






