ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, якшанбе, 39-умин рӯзи соли 2026 аст
8 феврали соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Русия созишнома ба имзо расид.
***
8 феврали соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукуҳи ифтитоҳи Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ шуд.
***
8 феврали соли 2021 дар Душанбе ба муносибати 580-солагии Мир Алишери Навоӣ маросими навоихонӣ баргузор гардид.
***
8 феврали соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Фармондеҳи навтаъйини Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Геннадевич Ковилинро ба ҳузур пазируфтанд.
***
8 феврали соли 2023 Бонки миллии Тоҷикистон ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ самтҳои афзалиятнокро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 зимни баргузории ҳамоиш дар Душанбе иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим /COP28/, ки соли 2023 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид, натиҷагирӣ карда шуд.
8 ФЕВРАЛ:
Рӯзи илм дар Федератсияи Русия.
РӮЙДОДҲО:
Соли 1919 духтури чикагоӣ Ҷеймс Херрик аввалин маротиба дар таърихи олам кардиограммаи ноқисии дилро нашр намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1919 байни Париж ва Лондон хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ гардид.
***
8 феврали соли 1931 маросими ботантанаи ифтитоҳи пойтахти нави Ҳиндустон –Деҳлии Нав баргузор гардид.
***
8 феврали соли 1963 дар Ироқ табаддулотӣ ҳарбӣ баргузор шуд.
***
8 феврали соли 2011 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аъзои Шурои Иттиҳодияи парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ интихоб гардид.
***
8 феврали соли 2011 дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет сомонаи нав — www.mahmudnoma.tj — дар бораи асосгузори театри касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов кушода шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Акобир Шарифӣ— соли 1928 -адиби бачагона. Аз соли 1962 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, шанбе, 38-умин рӯзи соли 2026 аст






