ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, якшанбе, 39-умин рӯзи соли 2026 аст

Февраль 8, 2026 08:00

8 феврали соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Русия созишнома ба имзо расид.

***

8 феврали соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукуҳи ифтитоҳи Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ шуд.

***

8 феврали соли 2021 дар Душанбе ба муносибати 580-солагии Мир Алишери Навоӣ маросими навоихонӣ баргузор гардид.

***

8 феврали соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Фармондеҳи навтаъйини Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Геннадевич Ковилинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

8 феврали соли 2023 Бонки миллии Тоҷикистон ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ самтҳои афзалиятнокро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 зимни баргузории ҳамоиш дар Душанбе иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим /COP28/, ки соли 2023 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид, натиҷагирӣ карда шуд.

8 ФЕВРАЛ:

Рӯзи илм дар Федератсияи  Русия.

РӮЙДОДҲО:

Соли 1919 духтури чикагоӣ Ҷеймс Херрик аввалин маротиба дар  таърихи олам кардиограммаи ноқисии дилро нашр намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1919 байни Париж ва Лондон хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ гардид.

***

8 феврали соли 1931 маросими ботантанаи ифтитоҳи пойтахти нави Ҳиндустон –Деҳлии Нав баргузор гардид.

***

8 феврали соли 1963 дар Ироқ табаддулотӣ ҳарбӣ баргузор шуд.

***

8 феврали соли 2011 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аъзои Шурои Иттиҳодияи парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ интихоб гардид.

***

8 феврали соли 2011 дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет  сомонаи нав — www.mahmudnoma.tj  — дар бораи асосгузори театри касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов кушода шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Акобир Шарифӣ— соли 1928 -адиби бачагона. Аз соли 1962 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Февраль 8, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, чоршанбе, 245-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, сешанбе, 244-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, шанбе, 241-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, сешанбе, 237-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 236-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, якшанбе, 235-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, шанбе, 234-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, ҷумъа, 233-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, панҷшанбе, 232-юмин рӯзи соли 2026 аст