ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
ДУШАНБЕ, 15.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Фазои интернетӣ ба руҳу равони кӯдакон чӣ таъсир мегузорад? Дар тарбияи насли наврас таъсири мактаб бештар аст ё филмҳои тасвирӣ тавассути телефонҳои мобилӣ?
— Зимни посух додан ба ин саволҳо бояд гуфт, ки таъсири мактаб ба зеҳни насли наврас дар рақобат бо фазои интернет фарсахҳо дур мондааст. Интернет тавассути воситаҳои техникии насли нав (телефони мобилӣ, планшет, ноутбук) дар нигоҳдорӣ ва нашр кардани иттилоъ барои омма пешсаф шудааст. Таъсири компютер, телефони мобилӣ, ки маълумоти гуногунро дар тасвири визуалӣ пешниҳод мекунанд, дар тарбияи насли наврас калон аст. Воқеан, интернет ва телефони мобилӣ яке аз воситаи асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа, махсусан ба насли наврас гардидаанд.
Бо рушди алоқаи моҳворавӣ интернет дар баробари мактаб омили муҳими тарбияи насли наврас гаштааст. Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба шуури ахлоқӣ, рафтори хонандагон ва муносибати байниҳамдигарии онҳо таъсир мегузоранд. Мутаассифона, имрӯзҳо ҷаҳду талоши насли наврас барои тақлид ба қаҳрамони филмҳо ва филмҳои тасвирӣ даҳҳо маротиба бештар аз он аст, ки наврас намуна (идеал)-и ояндаи худ омӯзгорро қарор дода бошад. Тамоюли насли наврас ба олами тахайюлӣ ва иваз кардани ҳаёти воқеӣ бо рӯйдодҳои тахайюлӣ ба он овардааст, ки кӯдакону наврасон ба дилхоҳ иттилоъ самимона бовар мекунанд.
Хонандаи имрӯз аз омӯзгор чанд «қадам» дар пеш аст? Оё онҳо фаъолу мустақиланд, ки ба оммаи васеи мардум тавассути интернет таъсир расонанд? Насли навраси имрӯза замони шуравиро дар ёд надорад. Онҳо дар ҷомеае таваллуд шуда, ба воя расидаанд, ки дар он эҳтироми шаъну шараф, ҳуқуқу озодӣ ва пеш аз ҳама, озодии сухан кафолат дода шудааст, вале инро хуб дарк накарда, дар натиҷа ба «ҷаҳони сунъӣ»-и интернет ғарқ мешаванд.
Бояд гуфт, ки новобаста аз пешрафту навгониҳо шакли маъмултарини тарбия одобу ахлоқ чун суҳбати адабӣ боқӣ мемонад. Аксар вақт гуфтугӯйи омӯзгор, тафаккури ӯ дар мавзуъҳои ахлоқ, одобу рафтор ҳамчун ҷавоб ба саволҳои хонандагон маълум аст, ба монанди «чӣ хубу чӣ бад аст»-ро омӯзгор пешакӣ ба хонандагон мефаҳмонад. Чунин тарзи суҳбатҳо ба муносибати хонандагон таъсири мусбат мерасонад.
Интернет манбаи иттилоотест, ки таъсири он ба кӯдакону наврасон аз телевизору радио кам нест ва дар баъзе ҳолат ҷойгузини онҳо гаштааст. Интернет воситаи фароғат ва ҳам воситаи дастрасӣ ба ҷаҳони иттилоот буда, аллакай кӯдак дар дусолагӣ метавонад бозиҳои одии интернетиро фаъол кунад. Дар 8-12-солагӣ наврасон дар интернет фаъол мешаванд. Аллакай дар ин синну сол онҳо аксар вақт саҳифаҳои иҷтимоии шахсии худро бо сабти ном, рамз боз мекунанд. Баъзеҳо рӯзномаи ҳаррӯзаи худро ташкил карда, блогнависӣ мекунанд. Онҳо тавассути мессенҷерҳо бо ҳамсолону ҳамсинфон ва дӯстони виртуалӣ муошират мекунанд.
Афзалияти интернет дар он аст, ки он омӯзиши таҷрибаи муфидеро пешниҳод мекунад, ки истифодаи самараноку дурусти он метавонад ба фаъолияти наврас дар мактаб таъсири мусбат расонад. Аммо дар ин ҷо камбудиҳо низ мавҷуданд. Масалан, дар фазои маҷозӣ маълумоти бардурӯғ хеле зиёд паҳн мешавад, ки дар натиҷа метавонад ба афкори наврасон таъсири манфӣ расонад.
Тавре мегӯянд, майнаи сари инсон «компютерест», ки хотираи беохир дорад, аммо иттилоот на танҳо нигоҳ дошта мешавад, балки хазинаи заруриро ба вуҷуд меорад ва ба шуур, ҳиссиёту амалҳои инсон таъсир мерасонад. Масалан, ногаҳон кӯдаки шуморо ҳиссиёти бад фаро мегирад. Дар ҳол шумо мепурсед, ки чӣ гап шуд? Аммо кӯдак ҷавоб дода наметавонад. Чунки дар мактаб мушкилие надорад, муваффақ аст, бемор ҳам нест, дар хона муҳит солим аст, вале дар шуури кӯдак образҳои манфии филмҳои тасвирӣ, ки як замоне дида буд, ба хотир омада, дар рафтори ӯ зоҳир мешавад ва ба ҳолати равонии ӯ ва муҳити атроф таъсир мерасонад.
Бо назардошти он ки интернет омили иҷтимоикунии ҷомеа ба шумор меравад, таъсири он бевосита ба шуур ва рафтори гурӯҳи калони одамон ҳам назаррас аст. Тибқи таҳлилҳо, аз рӯйи сарчашмаҳои боз дар даҳсолаи охир миқдори вақти сарфкардаи наврасон ба компютер ва телефони мобилӣ хеле зиёд ба чашм мерасад: бозиҳои видеоӣ дар байни наврасон 78 фоиз, паёмнависии фаврӣ 68 фоиз, рафтан ба сомонаю шабакаҳои иҷтимоӣ 65 фоиз, ҷустуҷӯйи манбаъҳои видеоӣ 63 фоиз, тамошои видео 59 фоиз, гӯш кардани мусиқӣ 57 фоиз.
Мутахассисони соҳа, падару модарон ва омӯзгоронро зарур аст, ки ба масъалаи таъсири интернет ва телефони мобилӣ ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон муроҷиат карда, бояд роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии онҳоро фаҳмонанд. Кӯдакону наврасон бояд ҳамеша зери назорату роҳнамоии калонсолон қарор гиранд. Бо истифодаи оқилона ва самаровари интернет ва телефони мобилӣ мо метавонем насли наврасро тарбия намуда, босавод, масъулиятшинос ва дорои ҷаҳонбинии васеъ гардонем.
Сайфиддин МУРОДОВ,
мудири бахши иттилооти дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе








Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид






