НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-хола чӣ натиҷа дод?
ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2025-2026 дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба дониш ва малакаи хонандагон аз рӯи низоми 10-хола баҳо дода мешавад. Дар нимсолаи аввали соли таҳсил ин низом чӣ натиҷа дод? Вобаста ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза Давлатзода директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ чунин посух дод:
«Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соли таҳсили 2025-2026 то 20 декабри соли 2025 дар 374 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санҷиши сатҳи сифати таҳсил ва аттестатсияи давлатӣ доир намуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки тибқи амалӣ гардидани низоми баҳогузории 10-хола дар ин муассисаҳо сифати таҳсил 41 фоизро ташкил дод. Дар ҷамъбасти соли таҳсили 2024-2025 тибқи низоми баҳогузории 5-хола сифати таҳсил 35 фоизро ташкил медод, яъне таносуб то 6 фоиз тамоюли зиёдшавӣ дорад», — афзуд Маҳмадтоир Саидзода.
Таъкид гардид, ки гузариш ба низоми баҳогузории 10-хола, ки таҷрибаи бештари давлатҳои дунё мебошад ба фаъолияти таълимии кӯдакон таъсири ниҳоят мусбат мерасонад. Низоми баҳогузории 5-хола дар воқеъ низоми 4-хола буд. Аз рӯйи низоми баҳогузории 5-хола омузгор танҳо аз чор баҳо – «2» (ғайриқаноатбахш), «3» (миёна), «4» (хуб), «5» (аъло) истифода мебурд, ки фаъолияти омӯзгорон нисбатан маҳдуд буд. Ба аксар хонандагоне, ки фаъолияти нисбатан паст нишон медоданд, баҳои миёна гузошта мешуд.
«Гузариш ба низоми баҳогузории 10-хола ба имконияти воқеии гузоштани баҳо мусоидат менамояд. Ин низом кӯдаконро ба таҳсил ва азхудкунии таълим ҳавасманд мегардонад. Баҳомонӣ дар низоми пешина аз ҷиҳати руҳонӣ ва равонӣ ба кӯдакон таъсир мегузошт. Тибқи низоми баҳогузории 10-хола кӯдакон аллакай хол мегиранд, на баҳо»,-иброз намуд директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2023 зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба масъалаҳои омодагӣ ва гузариш ба низоми бисёрхолаи арзёбии дониши хонандагон ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Дар таҳияи ин низом кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф, Маркази таълимӣ-методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор саҳм гузоштаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






