Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд

Февраль 6, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 06.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал дар доираи Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо, ки аз 3 то 5 феврали соли 2026 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид, аз ҷониби директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода ва Вазири давлатӣ, Дабири кулли Девони вазирони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Марям бинти Аҳмад Ал Ҳаммодӣ Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи идоракунии давлатӣ  ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бояд гуфт, ки Ёддошти тафоҳум барои ба роҳ мондани  ҳамкорӣ дар самти идоракунии давлатӣ, аз ҷумла ба ташкили табодули таҷриба оид ба амалисозии консепсияҳо, стратегияҳо ва дигар барномаҳои давлатӣ, ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии фаъолияти мақомоти  давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии идоракунии давлатӣ, таъмини рушди иқтидор ва омодасозии кадрҳои идоракунии давлатӣ дар хориҷи мамлакат ва ҳамоҳангсозӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон тибқи ин санад, дар доираи Барномаи омодасозии кадрҳо дар хориҷи мамлакат, ки аз ҷониби  Амороти Муттаҳидаи Арабӣ амалӣ карда мешавад, хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба хориҷи ҷумҳурӣ фиристода мешаванд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 6, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид