Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 06.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал дар доираи Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо, ки аз 3 то 5 феврали соли 2026 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид, аз ҷониби директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода ва Вазири давлатӣ, Дабири кулли Девони вазирони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Марям бинти Аҳмад Ал Ҳаммодӣ Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи идоракунии давлатӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бояд гуфт, ки Ёддошти тафоҳум барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти идоракунии давлатӣ, аз ҷумла ба ташкили табодули таҷриба оид ба амалисозии консепсияҳо, стратегияҳо ва дигар барномаҳои давлатӣ, ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии идоракунии давлатӣ, таъмини рушди иқтидор ва омодасозии кадрҳои идоракунии давлатӣ дар хориҷи мамлакат ва ҳамоҳангсозӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон тибқи ин санад, дар доираи Барномаи омодасозии кадрҳо дар хориҷи мамлакат, ки аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Арабӣ амалӣ карда мешавад, хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба хориҷи ҷумҳурӣ фиристода мешаванд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






