Вазири маориф ва илми Тоҷикистон: «Низоми дувоздаҳсолаи таълим дар марҳилаи аввал ба таври пилотӣ амалӣ карда мешавад»
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ барои гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тадбир меандешад? Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ посух дод.
Ба иттилои Раҳим Саидзода, дар назди Вазорати маориф ва илм гурӯҳи байниидоравӣ ташкил гардида, дар ин самт корҳо пеш бурда мешаванд. Ин гурӯҳ бояд оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо, омода намудани барномаҳои таълимӣ, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ва кадрҳои омӯзгорӣ, инчунин ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ тадбирҳои амалӣ андешад.
«Дар Тоҷикистон зиёда аз 180 муассисаи типи нав вуҷуд дорад, ки дар оянда мумкин аст ин низом ба таври пилотӣ аввал дар ин муасссисаҳо амалӣ карда шавад. Зеро дар муассисаҳои типи нав барои гузариш ба ин низом имконият бештар аст», -гуфт Раҳим Саидзода.
Иброз гардид, ки татбиқи ин иқдом дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, яке аз марҳилаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Ба иттилои мутахассисони соҳа, гузариш ба низоми таҳсили 12-сола амри зарурӣ буда, ба боло рафтани сифати таълим ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Таҷрибаи якчанд кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки гузариш ба низоми таҳсили 12-сола раванди муваффақ ва ҳамаҷониба санҷида мебошад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо ҷалби васеи мутахассисон ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ин нақшаи амалро тадриҷан ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ амалӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 ба масъулин дастур доданд, ки бо мақсади мутобиқ гардонидани низоми таҳсил ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла омодагӣ барои гузаштан ба низоми 12-солаи таҳсил аз ҳоло чораҷӯӣ намоянд.
Зарурати гузариш ба ин низом ҳанӯз солҳои 2009 ва 2011 дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид гардида буд. Зеро афзалияти гузариш ба Низоми таҳсилоти 12-сола инчунин дар ташкили таълим дар равияҳо, таҳсили касбӣ (дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) мувофиқи истеъдоду қобилияти хонандагон бо назардошти хусусияти инкишофи зеҳнию ҷисмонӣ ва такмили самарабахши таҳсилоти босифат ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа нақши муҳим хоҳад дошт.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






