200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол 200 нафар занони ҳунарманду соҳибкор имкон доранд, ки аз маблағҳои бебозгашти гранти президентӣ баҳравар гардида, соҳибкориро рушд диҳанд.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, соли 2026 ғолибон соҳиби гранти президентӣ ба маблағи аз 40 то 110 ҳазор сомонӣ мегарданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар кумита қабули лоиҳаҳои грантӣ то 15 апрел идома меёбад.
Ба иттилои масъулин, лоиҳа бояд дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа, дар барномаи MS Word бо истифода аз шрифти Times New Roman андозаи 14, бо забони тоҷикӣ, инчунин бо мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод карда шавад.
Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, 3 ва ё ба телефонҳои 227-91-17, 221-34-71, 227-24-38 e-mail: info@comwom.tj муроҷиат намоянд. Қабули ҳуҷҷатҳо то 15 апрел идома меёбад.
Дар ҳолати нопурра будани ҳуҷҷатҳо лоиҳа аз тарафи кумита қабул карда намешавад ва ҳангоми дар озмун ғолиб нагардидан ҳуҷҷатҳо баргардонида намешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ расонида шуд (соли 2024 120 грант ба маблағи 5 миллион сомонӣ), яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.
Тибқи ин қарор, аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 миллион сомонӣ 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад. Ин иқдом ба ҷалб ва ҳавасмандгардонии занон ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ мусоидат мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






