35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳия 13 муассисаи наву замонавии таълимӣ, беморхонаи марказӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шуданд, ки дар онҳо барои аҳолӣ садҳо ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст. Ин матлаб зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 30 марти соли равон баён гардид.
Пешвои миллат ҳамчунин ёдрас намуданд, ки «дар соҳаи саноати ноҳия низ пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 38 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,2 баробар афзоиш ёфтааст.Ин дастовардҳо туҳфаи арзандаи соҳибкорон ва сокинони ноҳия ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошанд».
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду навсозии 735 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз ҳамаи онҳо ба истифода дода шудаанд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки ин нишондиҳанда гувоҳи равшани ҳисси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ ва натиҷаи заҳмати созандаи мардуми ноҳия мебошад.
«Бо истифода аз фурсат, ба кулли сокинони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти ин гӯшаи Ватани азизамон изҳори сипос менамоям», -изҳор доштанд Пешвои миллат ва тазаккур доданд, ки «соҳибкорон ва мардуми бонангу номуси ноҳияи Мастчоҳ то охири сол боз даҳҳо иншооти дигарро бунёд карда, ба истифода месупоранд ва барои хамдиёрони худ садҳо ҷойи кории нав муҳайё сохта, дар ободу зебо гардидани ноҳия ва деҳоти он саҳми арзишманд мегузоранд».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






