Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд

Март 19, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 март ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода дар расми ифтитоҳи чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026: «Аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо — 2025 то Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ (2025-2034)», ки дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж баргузор гардид, иштирок  намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамоиш ду рӯз идома ёфта, ҳамчун марҳилаи гузариши расмӣ аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо — 2025 ба Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ (2025-2034) замина мегузорад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 19, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд