Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд

Март 10, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имконияти нав барои истифодабарандагони «Ҳамён» дар замимаи мобилии «МегаФон Life»: акнун гузаштани мушаххасгардонии ройгон на танҳо дар худи замима ё толорҳои ширкати «МегаФон Тоҷикистон», балки инчунин дар идораҳои «Ҳумо Бонк» дар ҳудуди тамоми ҷумҳурӣ имконпазир аст.

Мушаххасгардонӣ ҳангоми муроҷиати шахсии мизоҷ ба идораи «Ҳумо Бонк» анҷом дода мешавад. Муштарӣ бояд шиносномаи аслӣ ва SIM-корти фаъоли «МегаФон Тоҷикистон» дошта бошад. Рақам бояд ба номи ҳамон шахсе ба қайд гирифта шавад, ки шиносномаро пешниҳод мекунад. Сипас корманди идора шиносномаи мизоҷро скан карда, маълумотро барои тасдиқ пешниҳод мекунад. Ҳангоми дуруст будани маълумот ва ҷой надоштани ягон номувофиқатӣ мушаххасгардонӣ одатан давоми соатҳои наздик ба амал бароварда мешавад. Дар мавриди набудани шиноснома ё SIM-корт тартиб амалӣ карда намешавад.

Мушаххасгардонӣ имконияти истифодабарандаи «Ҳамён»-ро васеъ мекунад. Маҳдудияти амалиётӣ бекор карда мешаванд ва пардохту интиқолҳо боз ҳам зудтар амалӣ мегарданд. Маблағҳои дастраси амалиёт ба таври назаррас афзоиш меёбанд: ҳамёни рақамиро на танҳо барои хароҷоти ҳаррӯза, балки барои пардохтҳои калонтар низ истифода бурдан мумкин аст. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи бехатарӣ зоҳир карда шудааст: «Ҳамён» ба рақам ва дастгоҳи истифодабаранда пайваст мегардад ва як қоидаи одӣ — ҳеҷ гоҳ рамзҳо ё паролҳоро бо касе надодан — маблағҳоро ба таври устувор муҳофизат мекунад.

Мушаххасгардонӣ инчунин онлайн дар замимаи «МегаФон Life» дастрас аст, барои ин зарур меояд, ки аксҳои ҳуҷҷатҳои зарурӣ ворид карда шаванд. Дар замима метавон дилхоҳ корти низоми «Корти миллӣ»-и бонкҳо ва ташкилоти хурди молиявии мамлакатро боргирӣ намуда, маблағҳои худро дар як ҷой идора кард.

Барои зуд ва мувофиқ пардохт кардани харидҳо, интиқоли маблағ ва пурра назорат кардани хароҷоти худ «МегаФон Life»-ро бо суроғаи боргирӣ намоед!

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Март 10, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад