«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади огоҳии ҳарчи бештари ҷавонон аз таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани маърифати суханварии кормандони муассиса маҳфили илмӣ-фарҳангии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз осорхона иттилоъ доданд, зимни ифтитоҳи маҳфили «Шоҳномахонӣ» директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода доир ба аҳамияти бузурги таърихию фарҳангии шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ – «Шоҳнома» ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки «Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи нодири адабиёти ҷаҳонӣ дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, далерӣ ва эҳтиром ба мероси пурғановати ниёгон нақши муҳим дорад.
Иштирокдорони маҳфил аз «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ достонҳо қироат намуда, мазмуну муҳтавои қаҳрамонию ахлоқии онро шарҳу тавзеҳ доданд. Инчунин дар маҳфил оид ба нақши ин асари бузург дар рушди фарҳанги миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа мубодилаи афкор доир карда шуд.
Таъкид гардид, ки баргузории маҳфилҳои фарҳангии «Шоҳномахонӣ» дар муассисаҳо барои таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати суханварӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба мутолиаи осори классикии адабиёти тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад, зеро:
Ҳар он кас, ки «Шоҳнома»-хонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






