«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ба муносибати ҷашнҳои миллӣ ҳамоиши идона таҳти унвони «Баҳори маърифат: модар, қалам ва Наврӯз» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз шуд, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башар буда, рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор ва таҷдиди зиндагӣ маҳсуб меёбад. Арзишҳои маънавии Наврӯз инсонро ба некандешӣ, меҳнатдӯстӣ ва созандагӣ ҳидоят намуда, бо ғояҳои илму маърифат ва тарбияи инсон ҳамоҳанг мебошанд.
Иштирокдорон изҳор доштанд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҷомеаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонанд. Дар ин замина, нақши омӯзгорон дар тарбияи насли донишманду ватандӯст ва инчунин, саҳми воситаҳои ахбори омма дар тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ ва инъикоси дастовардҳои соҳаи маориф муҳим арзёбӣ гардид.
Зимни ҳамоиш як қатор кормандони соҳаи маориф, аҳли қалам, омӯзгорон ва муаллифони фаъоли маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф ва ҳамкории судманд бо нашрия бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






