Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз кӯдакону наврасони шаҳри Конибодом соҳиби туҳфаи беҳтарин гардиданд. Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон» барои онҳо атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Зимни ифтитоҳи иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Конибодом вусъат ёфта, барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки таҷдиду навсозии боғи марказӣ, ки имрӯз ба макони писандидаи истироҳати сокинони шаҳр табдил ёфтааст, аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошад. Дар доираи марҳилаи дуввум дар ҳудуди боғ наздик ба 10 атраксиони муосир насб гардида, инчунин нуқтаҳои истироҳату фароғат, фурӯши хӯришҳо ва майдони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Ифтитоҳи марҳилаи дуввуми атраксионҳо имкониятҳои фароғатии марказро боз ҳам васеъ намуда, пеш аз ҳама боиси хушҳолии кӯдакон гардид.
Бояд гуфт, ки дар гузашта ин мавзеъ дар ҳолати номусоид қарор дошт. Ҳоло он ба як макони зебову замонавӣ табдил ёфта, сокинон метавонанд рӯзона ва шомгоҳон бо аҳли оила ва наздикону пайвандон дар он истироҳат намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






