Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд

Март 9, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи Модар ва 1050-солагии Робиаи Балхӣ таҳти унвони «Аз Робиаи Балхӣ то даврони Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Зимни ҳамоиш донишҷӯён ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Иштирокчиён доир ба дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ёдовар шуда, нақши онҳоро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи соҳибистиқлол назаррас арзёбӣ намуданд.

Иброз гардид, ки арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан-модар дар сиёсати давлат ҷойгоҳи меҳварӣ дорад. Занони саодатманди мамлакат бо истифода аз имконоти фароҳамгардида дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, идоракунии давлатӣ ва дигар бахшҳои муҳими ҷомеа фаъолияти самаранок дошта, дар пешрафти давлат саҳми шоиста мегузоранд.

Дар ҷараёни ҳамоиш изҳор шуд, ки Робиаи Балхӣ яке аз нахустин ва барҷастатарин занони порсигӯйи адабиёти деринаи халқи тоҷик буда, дар охири асри Сомониён зиндагӣ намудааст. Ӯ бо ашъори худ дар раванди эҳёии адабиёти оламгири он даврон фаъолона иштирок доштааст.

«Шеърҳои Робиаи Балхӣ, амсоли ашъори шоирони ҳамзамонаш содаву зебо ва муассиру дилнишин мебошанд. Дили сафед, содагии латиф, назокати занона, зебоии зоҳиру ботин ва аз ҳама муҳим, ишқи покаш дар нигоштаҳояш зоҳир мешаванд. Аз ашъори ӯ то имрӯз 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт, ҷамъулҷамъ 55 байт боқӣ мондааст», – баён гардид дар ҳамоиш.

Зимни ҳамоиш ёдоварӣ гардид, ки дар иҷлосияи 43-юми  Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робиаи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд. Ҷашни солгарди шоири шинохтаи тоҷик Робиаи Балхӣ, ки ҳамзамони Рӯдакӣ буда, дар даврони Сомониён зиндагӣ мекард, дар арсаи байналмилалӣ аз таърих ва фарҳанги бойи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Март 9, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст