Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати Рӯзи Модар таҳти унвони «Модар – сароғози ҳастии башар» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Дар ҳамоиш иштирокчиён нақши зан-модарро дар ташаккули ҷомеаи солим, тарбияи насли соҳибмаърифат ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Иброз шуд, ки қадршиносии занону модарон ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои онҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб мешавад.
«Модарон сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва офарандаи хушбахтӣ ва нуру зиёи зиндагӣ ҳастанд. Зан ҳамчун инсони фарҳангсозу тарбияткунанда агар аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбия менамояд, ки онҳо баробари ҷомеаи пешрафта қадам мениҳанд», – баён гардид зимни ҳамоиш.
Гуфта шуд, ки имрӯз нақши занону духтарони тоҷик дар пешрафти тамоми соҳаҳо арзишманд аст. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав теъдоди зиёди занону духтарон ба ҳайси омӯзгор нозукиҳои касбро ба таҳсилкунандагон меомӯзанд. Дар ин баробар сафи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда сол ба сол меафзояд.
Дар охир як зумра омӯзгорону кормандони донишгоҳ барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар таълиму тарбия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»






