Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Масъалаҳои асосии тағйирёбии иқлим, омилҳо ва таъсири манфии он ба рушди иқтисодиёти миллӣ» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иштирокчиёни конференсия аҳамияти баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлимро дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ намуданд. Иброз гардид, ки тағйирёбии иқлим ба ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус иқтисодиёти миллӣ таъсири ҷиддӣ расонида, таҳқиқу пешниҳоди роҳи ҳалли он аз самтҳои афзалиятноки илми муосир ба шумор меравад.
Изҳор шуд, ки таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои табиӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисоди миллӣ рӯз ба рӯз бештар гардида, таҳияи механизмҳои мутобиқшавӣ ва коҳиши оқибатҳои он зарур мебошад.
Зимни конференсия олимону мутахассисон дар мавзуъҳои «Таҳлили сифати обҳои зеризаминӣ барои таъмини кори самараноки системаҳои геотермалии насоси гармидиҳӣ», «Арзёбии таъсири офатҳои табиӣ ба рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шиология ҳамчун системаи комплексии дониш дар фаҳмиши системаи озуқаворӣ» ва ғайра маъруза намуданд.
Иштирокчиён зарурати таҳкими ҳамкории илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти таҳқиқоти байнисоҳавиро барои муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи рушди устувори иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






