Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид

Март 8, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хосса доир  гардида, дар он нақши бузурги модар дар ҷомеа, тарбияи насли наврас ва таҳкими арзишҳои маънавӣ муҳим арзёбӣ шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи Модар ба фасли зебои баҳор рост омада, рамзи эҳтирому қадршиносии ҷомеа нисбат ба занону модарон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин аз суханони Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ карда шуда, модар ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон арзёбӣ гардид.

Ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки замони истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштироки фаъоли занону духтарон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ фазои басе мусоид фароҳам овард. Ва имкон дод, ки занони ҷумҳурӣ комёбиву дастовардҳояшонро боз ҳам афзун намуда, дар пешрафти ҷомеа, рушди илму маърифат ва тарбияи мутахассисони соҳибкасб саҳми арзанда гузоранд.

Дар идомаи чорабинӣ ба як зумра  кормандону омӯзгорзанон, ки бо фаъолияти пурсамар ва меҳнати содиқона дар рушду пешрафти донишгоҳ саҳми назаррас доранд, Сипоснома ва Ифтихорнома супорида шуд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Март 8, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд