Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 март бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, дар чорабинии мазкур, ки дар Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Беларус бо кишварҳои хориҷӣ баргузор шуд, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвари иқомат, олимону коршиносон ва доираҳои васеи илмиву фарҳангӣ иштирок менамоянд.
Дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода сухан гуфта, аз аҳамияти таърихӣ ва нақши Устувонаи Куруши Кабир дар рушди арзишҳои умумибашарӣ, бахусус дар самти ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки қатъномаи он зимни конфронси 43-юми ЮНЕСКО қабул шудааст, ёдовар гардид.
Тавре таъкид гардид, Устувонаи Куруши Кабир, ки таърихи 2550 солро фаро мегирад, яке аз нахустин сарчашмаҳои таърихии ҳуқуқи инсон то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ дошта, дар рушди меъёрҳои муосири ҳуқуқи байналмилалӣ заминаи мусоидро фароҳам овардааст.
Зимни нишаст инчунин ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, аз ҷумла эълон гардидани соли 2027 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, тазаккур дода шуд, ки қатънома ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими арзишҳои қонунмеҳварӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар интиҳои чорабинӣ иштирокдорон доир ба масъалаҳои муҳими рӯз ва нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои муосири инсон табодули афкори судманд анҷом доданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус


















Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






