Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳангии тоҷикон» Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, чорабинии идона дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст меҳмонон бо намоиши дастархони идонаи наврӯзӣ, ки бо анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла суманак ва дигар шириниҳои суннатии тоҷикӣ ороста шуда буд, шинос шуданд.
Дар гӯшаҳои алоҳида намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ва заргарӣ ташкил карда шуд, ки таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.
Дар чорабинӣ иброз гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва байналмилалӣ рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо мебошад. Маҳз чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии байни миллатҳо мусоидат намуда, барои муаррифии фарҳанги бойи тоҷикон дар хориҷи ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозанд.
Яке аз бахшҳои ҷолиби чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ буд, ки дар он духтарон бо либосҳои зебои атласу адрас ва чакан баромад намуда, зебоии фарҳанги тоҷиконро муаррифӣ карданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ бо иҷрои сурудҳои ватандӯстонаю халқӣ ва рақсу таронаҳои ҷаззоб табъи иштирокчиёнро болида гардонид.
Таъкид гардид, ки таҷлили бошукуҳи Наврӯз дар хориҷи мамлакат нишонаи арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии ниёгон ва далели равшани ваҳдату ҳамбастагии тоҷикон дар саросари ҷаҳон мебошад. Чунин иқдом минбаъд низ идома ёфта, дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангӣ байни халқҳо саҳми арзанда мегузорад.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






