Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Ба истифода додани неругоҳи офтобӣ норасоии неруи барқро дар мамлакат аз байн мебарад. Зеро панелҳои офтобӣ дастгоҳҳое мебошанд, ки энергияи офтобро ба неруи барқ табдил медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 иброз намуданд, ки «то соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт ба истифода дода мешавад. Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони неругоҳҳо бо иқтидори 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд».
Мувофиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» дар мамлакати мо, ки дар як сол 280-330 рӯзи офтобӣ ба қайд гирифта мешавад, неруи Офтоб ҳамчун манбаи дуюми энергияи барқароршаванда пас аз неруи об хеле мусоид аст.
Мувофиқи нишондиҳандаи Global Solar Atlas (PVOUT), миқдори миёнаи тавлиди барқи солона аз насби системаи офтобии иқтидораш 1 кВт барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1400 — 1600 кВт- соат мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳангоми насби системаи офтобии иқтидораш 1 кВт дар Тоҷикистон дар як сол 1400-1600 кВт-соат энергия гирифтан мумкин аст. Нишондиҳандаи мазкур дар Олмон 700-1100 кВт-соат мебошад. Ин исбот менамояд, ки манбаъҳои энергияи офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






