Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд

Март 3, 2026 13:20

ДАНҒАРА, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар деҳаи Паркамчии ноҳия бо иштироки доираи васеи ҷавонону наврасон фестивали бозиҳои миллӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ эҳё ва рушди бозиҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги волои ниёгон ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ байни насли наврас арзёбӣ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ доданд.

Дар оғози фестивал муовини Раиси ноҳияи Данғара  Зуҳро Ҳакимзода иброз дошт, ки “бозиҳои миллӣ ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик дар тарбияи ҷисмониву маънавии ҷавонон нақши муассир дошта, барои тақвияти дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд”.

Дар чорабинӣ хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 фаъолона иштирок намуданд. Онҳо бо намоиши бозиҳои гуногуни миллӣ, аз қабили бозиҳои зеҳнӣ, варзишӣ ва суннатӣ, маҳорати худро пешкаши меҳмонон гардониданд. Иштирокчиён бо либосҳои миллӣ ҳусни чорабиниро дучанд намуда, фазои идона ба вуҷуд оварданд.

Фестивал дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рақобати солим доир шуда, дар байни хонандагон нисбат ба варзиш ва анъанаҳои миллӣ шавқу завқи бештар ба вуҷуд овард. Чунин иқдом барои дарёфти истеъдодҳои нав, ҷалби наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.

Фестивали бозиҳои миллӣ бори дигар собит намуд, ки ҷавонони ноҳияи Данғара ворисони арзандаи суннатҳои неки ниёгон буда, барои пос доштани фарҳанги миллӣ ва рушди он омода ва масъул мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Март 3, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард