Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, бахусус занон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Аз онҳо 17 маркази касбомӯзӣ дар собиқ ҷойҳои ҷамъиятии воқеъ дар маҳаллаҳо ва шаҳракҳои ҳудуди ноҳия ва 1 бинои садамавӣ, 30 бинои таъмирталаб, 73 маркази касбомӯзӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, воқеъ дар маҳаллаҳою шаҳракҳои ҳудуди ноҳия таъсис дода шудаанд, ки фаъолияти пурсамар доранд.
Дар ноҳия бо мақсади ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ ва ҳарчи бештар ба ҳунару касбомӯзӣ ҷалб намудани ҷавондухтарону занони хонанишину бешуғл барои ташкили марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ дар самти омӯзиши дӯзандагию пазандагӣ, қаннодӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, косибию оҳангарӣ, заргарӣ, гаҷкорӣ, бофандагӣ, попурзанӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, рубобтарошӣ, пойафзолдӯзӣ, дегдонсозӣ ва созтарошӣ тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 250 маҳфили омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаъолият доранд, ки дар он духтарону писарон ба таври ройгон омӯзонида ва пас аз хатм бо сертификат таъмин карда мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






