Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Модар занону модарони фаъол қадрдонӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар дар ноҳияи Ёвон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маросими қадрдонии занону модарони фаъоли ҷомеа баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз дошт, ки занону модарон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҳамчун неруи созанда ва тарбиятгари насли оянда нақши бисёр муҳим доранд. Маҳз бо меҳнати содиқона, ҳисси баланди масъулият ва фаъолияти босамари занону модарон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ рушди устувори ҷомеа таъмин гардида, арзишҳои миллию маънавии халқи тоҷик ҳифз ва таҳким меёбанд.
Таъкид шуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва ҷалби бештари занону духтарон ба идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Аз ҷониби раиси ноҳия як зумра занони фаъол, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии ноҳия саҳми арзанда доранд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи занони фаъоли ҷомеа раиси ноҳияи Ёвон ба дидорбинии собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, собиқ муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарифова ва як зумра модарони собиқадору рӯзгордида рафт.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо Тоҷинисо Шарифова иброз намуд, ки саҳми занону модарон дар рушду пешрафти ҷомеа, таҳкими сулҳу субот ва тарбияи насли наврас ниҳоят арзишманд мебошад. Изҳор гардид, ки Тоҷинисо Шарифова дар солҳои фаъолият дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан ва хизматҳои содиқона дар пешбурди корҳои иҷтимоиву маъмурии ноҳия саҳми назаррас гузоштааст.
Раиси ноҳия ба собиқадор барои хизматҳои бисёрсолаи софдилона изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ӯро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфт. Ҳамзамон ба номбурда туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, барояш тансиҳатӣ, рӯзгори обод ва умри дароз орзу карда шуд.
Раиси ноҳия зимни мулоқот бо модарони собиқадор таъкид намуд, ки модар дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон мақому манзалати бисёр баланд дошта, эҳтирому гиромидошти ӯ қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии ҳар шахс ба ҳисоб меравад. Модарони собиқадор бо меҳнати ҳалол, тарбияи фарзандони ватандӯст ва саҳми арзанда дар рушди ҷомеа намунаи ибрат барои наслҳои ҷавон мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон


















Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»






