Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон варзишгарони номдори ноҳия Сулаймон Латипов ва Муҳаммадҷон Раҳмонзода, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди гӯштини ҷудо дар шаҳри Бокуи Озорбойҷон натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд, қадрдонӣ карда шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар медиҳад, дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ варзишгарони ноҳия бо маҳорати баланд ва иродаи қавӣ баромад намуда, шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя карданд. Дар натиҷа Сулаймон Латипов зинаи якум ва Муҳаммадҷон Раҳмонзода зинаи сеюмро ишғол намуда, Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ парафшон сохтанд.
Раиси ноҳия Икромиддин Вализода зимни суҳбат бо варзишгарон иброз дошт, ки чунин пирӯзиҳо самараи сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷавонони солиму ватандӯст мебошад.
Раиси ноҳия варзишгарони ғолибро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ намуда, ба онҳо дар мусобиқаҳои минбаъда барору комёбиҳо орзу намуд.
Таъкид гардид, ки дастоварди варзишгарони ноҳия боиси ифтихори сокинони ноҳия буда, барои ҷавонони дигар намунаи ибрат ва ҳавасмандӣ ба варзиш ва зиндагии солим мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






