Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад

Март 21, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 21.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 март дар низоми пардохти ғайринақдии филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқро ба уҳда дорад, корҳои профилактикӣ гузаронида мешаванд.

Тавре аз ширкат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корҳои мазкур аз соати 23:00-и 22 март то соати 06:00-и 23 март идома ёфта, дар ин фосила пардохти хизматрасонии роҳ тариқи ғайринақдӣ муваққатан қатъ мегардад.

«Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин муддат пардохтро танҳо бо шакли нақдӣ анҷом диҳанд», — таъкид намуданд намояндагони ширкат.

Бояд тазаккур дод, ки мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», пардохти як қатор хизматрасониҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст.

Филиали ширкати мазкур ҷиҳати рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла истифодаи кортҳои пардохтӣ ва технологияҳои RFID (гузариши босуръат бидуни таваққуф), тадбирҳои зарурӣ андешидааст. Ба гуфтаи манбаъ, зиёд шудани шумораи истифодабарандагони чунин хизматрасонӣ ва арзонтар будани тарофаҳо нисбат ба пардохти нақдӣ аз бартариҳои он маҳсуб мешаванд.

Гуфта мешавад, татбиқи чунин низом бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ, коҳиши хароҷоти истифодабарандагон, беҳтарсозии хизматрасонӣ ва ҳифзи муҳити зистро таъмин менамояд.

АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 21, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд