Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 01.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯз дар саросари мамлакат иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Ин иқдоми зебо муҳити зистро рангоранг намуда, фарҳанги зебоипарастӣ ва муҳаббат ба табиатро дар байни ҷавонон тақвият мебахшад.
Гулгардонӣ яке аз оинҳои қадимии Наврӯз ба ҳисоб меравад, ки то имрӯз дар бисёр минтақаҳои Осиёи Марказӣ, махсусан дар Тоҷикистон, Узбекистон ва дигар кишварҳо нигоҳ дошта шудааст.
Бояд гуфт, ки дар домани кӯҳу саҳро шукуфтани нахустин гули баҳорӣ – сияҳгӯш аввалин муждаи наздикшавии иди Наврӯз аст. Дар ин айём бачаҳои 10 ‐ 15 сола ба кӯҳу пуштаҳо рафта, гулҳои сияҳгӯш ва дигар гулҳои баҳориро чида, хона ба хона мегарданд ва маросими гулгардониро ба ҷо меоранд.
Бачаҳо гулҳои сияҳгӯш ва дигар гулҳои баҳориро ба як чӯби дароз, ки тақрибан 1,5 метр дарозӣ дорад, мебанданд ва бо он ба хонаҳои мардум рафта, сурудхонон аз омадани баҳор мужда мерасонанд:
Гули сияҳгӯши қошгардон,
Табақ пур куну пас гардон,
Бидеҳ бар дасти гулгардон,
Баҳори нав муборак бод!
Соҳибхонаҳо гули сияҳгӯшро ба даст гирифта, ба чашм молида, шукрона мекунанд, ки ба баҳори нав расиданд. Мардум аз рӯи таомули аҷдодӣ ба онҳо шодиёна, аз қабили ширинӣ, тухм, қурут ва хушкмева медиҳанд.
АКС аз манбаъҳои боз








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






