Дар Сарраёсати Вазорати молия дар Хатлон Рӯзи Модар таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади бошукуҳ баргузор гардид.
Сардори Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон Аъзамҷони Чиллазода изҳор дошт, ки занону модарон ҳамчун чароғи хонадон ва неруи созандаи ҷомеа дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда дошта, бо масъулиятшиносӣ ва меҳнати содиқона дар рушди соҳаи молия низ нақши назаррас мегузоранд.
Иброз шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд гардида, барои фаъолияти босамари онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ҷамъомад ба занони сарраёсат туҳфаи идона тақдим гардид.
АКС: Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»






