Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи Модарро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар шаҳри Турсунзода Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, дар чорабинии тантанавӣ роҳбарияти шаҳр, фаъолзанон ва собиқадорон иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода нақши зан-модарро дар тарбияи насли солим ва рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд. Изҳор гардид, ки модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва роҳнамои зиндагии ҳар инсон мебошад.
«Имрӯз занону духтарони шаҳри Турсунзода низ дар рушду пешрафти ҷумҳурӣ саҳм гузошта, дар соҳаҳои мухталиф софдилона фаъолият менамоянд»,-гуфт Парвиз Акрамзода.
Дар ҳамоиш ба як зумра занони фаъолу собиқадори меҳнат Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.
Барномаи фарҳангии ҳунармандони маҳаллӣ, ки аз сурудҳои дилнишин дар васфи модар ва рақсҳои зебо иборат буд, фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»






