Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд

Март 23, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 23.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея дар Маркази фарҳанги Осиёи шаҳри Кванҷу ҷашнвораи Наврӯз баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром ба ҷамъомадагон Наврӯзи оламафрӯзро табрик гуфта, оид ба таҷлили Наврӯз чун рамзи дурахшони мероси ғании фарҳангии тоҷикон ва арзишҳои умумибашарии он сухан гуфт.

Ҳамзамон сафир аз эҳёи дубораи Наврӯз ва суннатҳои он дар даврони истиқлол ёдовар шуда, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидани Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии башарият махсусан таъкид намуд.

Суруду мусиқии анъанавӣ ва рақси тоҷикӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони саршиноси Тоҷикистон ва дастаи рақсии «Лола» пешкаш шуд, писанди меҳмонони ҷашнвора гардид.

Ҳамчунин дар доираи ин чорабинии ҷашнӣ барои иштирокчиёни кореягӣ машғулияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Ҷашнвораи Наврӯз, ки бо иштироки корпуси дипломатӣ, намояндагони мақомоти гуногун,  шаҳрвандон ва воситаҳои ахбори кишвари иқомат, инчунин донишҷӯёну ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Корея дар фазои идона таҷлил шуд, бо пешниҳоди хони наврӯзӣ иборат аз ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллӣ ҷамъбаст гардид.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Март 23, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд