Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 14.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар доданд.
Созишномаҳо дар доираи Форуми сеюми байналмилалии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Таҳсилоти олӣ ва илм дар Тоҷикистон ва Узбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» ба имзо расонида шуданд.
Дар байни донишгоҳҳои Узбекистон Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд, Донишгоҳи давлатии техникии Фарғона, Донишкадаи давлатии техникии Андиҷон, Донишгоҳи давлатии Термез ва Донишгоҳи технологии куҳию металлургии Навоӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми сеюми байналмилалии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Таҳсилоти олӣ ва илм дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» аз 12 то 14 марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид.
Дар он ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 60 нафар ректорону проректорони донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи пленарии Форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода оид ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар, бахусус ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф сухан гуфт.
Нақши чунин ҳамоишҳо дар таҳкими робитаҳои илмӣ ва густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду давлат муҳим арзёбӣ гардид.
Вазири маориф ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Конгратбай Шарипов ва Сафири Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов зимни суханронӣ аз рушди муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистону Узбекистон ва аҳамияти баргузории Форум барои тавсеаи ҳамкории илмӣ-таълимӣ ёдовар шуданд.
Дар қисми пленарии Форум ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар мавзуи «Самтҳои ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон ҳамчун омили рушди устувори иқтидори илмӣ-таълимӣ» маъруза намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз соҳаи маориф ба яке аз захираҳои муҳими стратегии ҳар як давлат табдил ёфта, рушди он ба таҳкими рақобатпазирии кишварҳо дар шароити ҷаҳони муосир мусоидат мекунад. Дар солҳои охир ба шарофати сиёсати созанда ва дурбинонаи сарони давлатҳо муносибатҳои ду кишвар марҳилаи нави рушдро касб намуда, барои густариши ҳамкории илмӣ-таълимӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Пас аз анҷоми ҷаласаи пленарӣ маросими баимзорасонии созишномаҳои нави ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат баргузор гардид.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо ба густариши уфуқҳои таҳсилот, таҳкими робитаҳои илмӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мусоидат намуда, барои рушди иқтидори илмӣ ва зеҳнии кишварҳо ва дар маҷмуъ минтақа такони муҳим хоҳанд дод.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд






