Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»

Март 8, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади фароҳам овардани имконияти бештар барои духтарон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо, ҳоло дар Тоҷикистон квотаи президентӣ амал мекунад, ки барои ҳазорон духтарони лаёқатманд аз минтақаҳои дурдасти кишвар имкони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро фароҳам меорад. Ин иқдом, тавре дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи миллат минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки ҳар духтари таҳсилдида маънои як оилаи босавод, як насли маърифатнок ва як ҷомеаи пешрафтаро дорад.

Таъкид гардид, ки донишмандии мард сабаби саводнокии хонадон аст, вале донишманд будани зан омили донишмандии тамоми миллат мебошад. Зани соҳибмаърифат насли босаводро таълиму тарбия медиҳад ва дар пешрафти ҷомеа нақши асосиро мебозад.

Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки мақоми зан ва масъалаи илму донишомӯзии ӯ дар дини мубини ислом низ борҳо таъкид гардидааст.

«Дар аввалин ояти китоби осмонии Худованд — Қуръони маҷид калимаи «иқра» нозил шудааст, яъне хондан ва аз худ кардани илму дониш таъкид гардидааст. Ҳамчунин дар ҳадиси Пайғамбари гиромӣ, Ҳазрати Муҳаммад омадааст: «Талаби илм бар ҳар марду зани мусулмон фарз аст»», — мисол овардад Президенти мамлакат.

АКС аз бойгонӣ

Март 8, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Дар Сарраёсати Вазорати молия дар Хатлон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»