Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Модар иброз намуданд, ки занон-модарони арҷманди кишвар бояд дар риояи қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҳамеша намуна ва пешсафи ҷомеа бошанд.
«Зани сарфаю сариштакор баракати манзил ва саодати хонадон буда, дар шароити ҷаҳони муосир бояд аз зиёдаравӣ, исрофкорӣ, намоишкорӣ ва зоҳирпарастӣ худдорӣ кунад ва ҳамеша дар фикри аҳли оила ва фарзандони худ бошад», — таъкид намуданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки модарони тоҷик давомдиҳандагони кору пайкори занони қаҳрамону таърихсози миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд ва мардуми Тоҷикистон аз онҳо ифтихор мекунад.
Ҳамчунин изҳор гардид, ки ҷавонон ва фарзандони модарон ба қадри шири пок ва заҳматҳои шабонарӯзии онҳо мерасанд, онҳоро сидқан дӯст медоранд ва шаъну шараф, қадру манзалати онҳоро ҳамеша пос медоранд.
«Модарони тоҷик дар тамоми умр ҳамчун фариштаи офаранда ва тарбиятгару таълимдиҳандаи наслҳои солиму эҷодкор ба таври арзандаву шоиста қадрдонӣ карда мешаванд», — таъкид намуданд Президенти мамлакат.
АКС аз бойгонӣ








Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Дар Сарраёсати Вазорати молия дар Хатлон Рӯзи Модар таҷлил гардид






